Апрел 06, 2024 13:50 Asia/Dushanbe
  • Дастгирии узви аршади ДИИШ дар Эрон

Узви аршади ДИИШ бо ҳувияти Муҳаммад Зокир, машҳур ба  Ромиш ва ду нафари дигар аз воҳидҳои террористии ин гурӯҳак дар устони Албурз воқеъ дар маркази Эрон боздошт шуданд.

Сухангӯи фармондеҳии интизомии Эрон эълом кард, дар пайи ашрофи иттилоотӣ, ҳамроҳӣ ва ҳамкорӣ дар шиносоии террористҳо тавассути як шаҳрванди масъӯлиятпазир тайи тамоси ба мавқеъ бо полис муваффақ ба дастгирии узви аршади ДИИШ бо ҳувияти Муҳаммад Зокир, машҳур ба Ромиш ва ду нафари дигар аз воҳидҳои террористии ин гурӯҳак шудем.

Ин афрод тайи ду амалиёти ҷудогона дар тӯри иттилоотии полис қарор гирифта ва дар тирандозӣ ба худрави онон 3 нафар мавриди исобати гулӯла ва дастгир шуданд.

Ин афрод қасди амалиёти интиҳорӣ дар Иди Фитрро доштанд.

Ҳамчунин ҳашт нафар аз ҳамроҳони террористҳо низ дастгир шуданд.

 

Барчасп