Апрел 07, 2024 11:10 Asia/Dushanbe
  • Азми Пекан барои густариши равобит бо Теҳрон
    Азми Пекан барои густариши равобит бо Теҳрон

Сафири Чин дар Теҳрон дар поёни маъмурияти диплумотикаш дар дидор бо вазири умури хориҷа бар азми кишвараш барои таъмиқи беш аз пеши равобит бо Эрон таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо аз пойгоҳи итилоъи расонии вазорати умури хориҷа оқои Чонги Ҳууо дар ин дидор бо такрими фарҳангу тамаддуни бошукуҳи Эрон ва меҳмоннавозии мардуми кишварамон аз ҳимояти бахшҳои мухталифи дастгоҳи сиёсати хориҷӣ дар давраи масъулияташ дар Теҳрон қадрдони кард.

Раиси дастгоҳи сиёсати хориҷи ҳам дар ин дидор аз талошҳо ва иқдомҳои арзишманди сафири Чин дар кумак ба тавсеаи ҳамаҷонибаи равобити Теҳрон-Пекан дар арсаҳои мухталиф ба вижа дар даврони ҳамагирӣ корона ва ҳамчунин инъиқоди барномаи ҷомеъи ҳамкориҳои роҳбурдии ду кишвар ва пайгири барои иҷрои он қадрдонӣ кард.

Барчасп