Апрел 08, 2024 08:54 Asia/Dushanbe

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори рамазонии донишҷӯён гуфтанд: Нигоҳ ба воқеиятҳо бояд зеҳни ҷавони донишҷӯи имрӯзаро ба самте ҳидоят кунад, ки ба гиреҳгушоии мушкилот наздиктар бошад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ дар 27-умин рӯз аз моҳи мубораки Рамазон ва дар дидори рамазонии донишҷӯён дар ҳусайнияи имои Хумайнӣ (раҳ.) таъкид карданд: Имрӯз дар баданаи давлат касоне машғӯли кор ҳастанд, ки то чанд соли пеш мисли шумо дар ҳамин ҷаласа ширкат ва суханронӣ карданд.

Дар ин дидор, теъдоде аз донишҷӯёну намояндагони ташаккулҳои донишҷӯии мухталиф, дидгоҳҳо ва назароти худ дар бораи масоили рӯзро бо Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ матраҳ карданд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори рамазонии донишҷӯён гуфтанд: Нигоҳ ба воқеиятҳо бояд, зеҳни ҷавони донишҷӯи имрӯзро ба самте ҳидоят кунад, ки ба гиреҳгушоии мушкилот наздиктар бошад.

Эшон ёдовар шуданд: Муҳити донишҷӯӣ, муҳити шод, зинда, пурҳаяҷону мутолибагар аст. Нукоте, ки имрӯз донишҷӯён матраҳ карданд, муғтанам аст ва дастандаркорон бояд онро бишнаванд ва рӯи он кор кунанд нигоҳи наққодонаро дошта бошед, аммо нигоҳи сарафрозонаро ҳам дар қиболи пешрафтҳои кишвар дошта бошед.

Раҳбари муаззами инқилоб донишҷӯёнро ба дағдағаи мандӣ нисбат ба масоили донишгоҳӣ тавсия карданд ва бо баёни инки ба беруни донишгоҳ назар дошта бошед, дағдағаманд бошед ва интиқод кунед, афзуданд: Инҳо хуб аст, аммо аз ин хубтару лозимтар ин аст, ки шумо ба дохили донишгоҳ нигоҳ дошта бошед ва рӯи донишгоҳ кор кунед.

 

Барчасп