Вазири умeри хориҷаи Эрони вориди пойтахти Сурия шуд
Вазири умури хориҷаи Эрон барои дидор бо мақомоти олирутбаи Сурия дар садри ҳайати вориди Димишқ пойтахти ин кишвар шуд.
Ба гузориши ИРНА, Ҳусейн Амирабдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон қарор аст дар дидор бо мақомоти олирутбаи Сурия дар бораи мавзуъоти дуҷониба ва рушди равобит ва ҳамкориҳои ду кишвари табодули назар кунад.
Баррасии муҳимтарин масоили минтақаӣ ва ба вижа ёфтани роҳкори ҷиҳати таваққуфи ҷанги режими ишғолгари саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза ва ирсоли кумакҳои фаврии башардустона ва ройзани дар бораи муҳимтарин масоили байналмилали аз ҷумла меҳварҳои гуфтугуҳои вазири умури хориҷаи Эрон дар сафар ба Сурияи эълом шуда аст.
Вазири умури хориҷаи Эрони рузи гузашта ва пеш аз сафар ба Димишқ дар Масқат пойтахти Уммон бо мақомоти ин кишвар дар бораи муҳимтарин масоили мавриди алоқаи дуҷониба дидору гуфтугу кард .
Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар дидори Муҳаммади Абдусалом гуфтугукунандаи аршади давлати наҷоти миллии Яман дар Масқат, пойтахти Уммон дар бораи масоили мухталиф аз ҷумла минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугу кард.