Апрел 09, 2024 12:31 Asia/Dushanbe
  • Сабти 15 дастоварди ҳастаии Эрон дар бахши пизишкӣ
    Сабти 15 дастоварди ҳастаии Эрон дар бахши пизишкӣ

Раиси Созмони энержии атомии Эрон аз сабти 15 дастоварди ҷаддид дар заминаи пизишкӣ ва радиодору хабар дод .

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо , « Муҳамади Исломӣ » раиси Созмони энержии атомии Эрон бо таъкиди инки радиодоруҳои тавлид шуда дар Эрон аз ҷинисдармонӣ аст ки тумурҳои саратонӣ аз ҷумлаи пурустотро беҳбӯд мебахшад , гуфт , бо ифтитоҳи клиники захм дар се бемористон , фаъолиятҳои пласмаии сард низ шурӯ шудааст ки метавон то 50 Марказро низ пуштибонӣ кард.

Исломӣ , бо ишора ба роҳандозии сомонаи ҷети пласмае, ки барои дармони захм истифода мешавад , афзӯд , бо тавсеа ва  пешрафту шитоби дониши ҳастаӣ дар ҳамаи заминаҳо , таъсири онро дар зиндагии мардум ва  иқтидори Эрони исломӣ намоён шуд .

Раиси Созмони энержии атомии Эрон ҳамчунин бо ишора ба инки аз яксаду 59 дастоварди донишӣ ва санъатӣ дар заминаи ҳастаӣ муаррифи ва рўнмоӣ шудааст, гуфт ,дар ростои тавсеаи зерсохтҳои пажӯҳиши ва  шитоб додани тиҷорисозии санъати ҳастаии Эрон иқдомоти хуби сӯрат гирифтааст, ки дар саломату амнияти ғизоӣ ва зист муҳити таъсир босазоӣ дорад .

Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳафтумин кишвари пешрав дар сохти Маркази юндармонӣ ва  партудиҳӣ бо партун ва  карбон , дар ҷаҳон аст .

Барчасп