Дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ фардоро иди Фитр эълом кард
Дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ дар иттилоияе эълом кард, чаҳоршанбеи 22 фарвардини 1403 (10 апрели 2024) рӯзи аввали шаволулмукаррам ва иди саиди Фитр аст.
Ба гузориши Исна, матни иттилоия ба ин шарҳ аст:
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Бо орзӯи қабулии тоъоту ибодоти мардуми азиз дар моҳи мубораки Рамазон, ба иттилоъ мерасонад, баробари гузоришҳои расида аз гуруҳҳои расадии хибраву мавриди итминон аз нуқоти мухталифи кишвар, руияти ҳилоли моҳи шавол дар ғуруби рӯзи сешанбеи 21 фарвардини 1403 мутобиқ бо 29 Рамазоналмубораки 1445 ҳиҷрии қамарӣ барои Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ - ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ муҳраз шудааст. Бинобарин чаҳоршанбеи 22 фарвардини 1403 аввали шаволулмукароами 1445 ва иди саиди Фитр хоҳад буд.
Зимни арзи табрики ин иди саид ба тамомии бародарону хоҳарони имониву миллати шарифи Эрон, намози пуршукӯҳи иди саиди Фитр фардо дар саросари Эрон иқома хоҳад шуд.
Дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ.