Раҳбари муаззами инқилоб: Масъалаи Ғазза дар раъси масоили дунёи Ислом аст
(last modified Wed, 10 Apr 2024 16:30:01 GMT )
Апрел 10, 2024 21:30 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Масъалаи Ғазза дар раъси масоили дунёи Ислом аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, масъалаи Ғаззаро ғайри қобили чашмпушӣ ва дар раъси масоили дунёи Ислом ва ниёзманди эҳсоси масъулияти ҳамагонӣ хонданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ,ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи имрӯз чаҳоршанбе дар дидори масъулони низом, сафирони кишварҳои исломӣ ва ҷамъе аз қишрҳои мухталифи мардум ба муносибати иди саиди Фитр, масъалаи Ғаззаро ғайри қобили чашмпушӣ ва дар раъси масоили дунёи Ислом ва ниёзманди эҳсоси масъулияти ҳамагонӣ хонданд ва афзуданд: Дилҳои миллатҳо ҳатто миллатҳои ғайрмусалмон бо мазлумони Фаластин ва Ғазза аст, ки нишонаи он роҳпаймоииҳои бесобиқа дар Африқо, Осиё, Аврупо ва ҳатто худи Амрико алайҳи ҷиноёти саҳюнистҳо аст.

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин зимни қадрдонӣ аз ҳузури шигифтовар ва хурӯши миллати Эрон дар роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудс ва бо табрики иди саиди Фитр ва орзуи шодӣ ва баракат барои миллати Эрон ва ҳама миллатҳои мусулмон, гуфтанд: Роҳпаймоии беназири рӯзи Қудс, ҳаракати сиёсӣ ва байналмилалии шигифтофарине буд, ки бар асоси гузориши афроди корбалад, бо ҳузури ҷамъиятҳои мутароким ва беш аз солҳои гузашта, ба маънии воқеӣ ба як хурӯши умумӣ табдил шуд.

 Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон табдил шудани мавзӯъи Фаластин ба мавзӯъи аввали мавриди таваҷҷуҳи миллатҳо бо вуҷуди тасаллути тӯлонимуддати саҳюнистҳо бар дастгоҳҳои расонаии дунё ва ҷилавгирии онҳо аз интиқоли садо ва паёми Фаластинро нишондиҳандаи дар пеш будани таҳаввулоти ҷадид дар дунёи Ислом донистанд ва гуфтанд: Бо вуҷуди эҳсоси масъулияти миллатҳо, мутаассифона давлатҳо ба вазоифи худ амал намекунанд.

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ воқеияти таассуфбортари кунуниро кумаки бархе кишварҳои исломӣ ба режими саҳюнистӣ дар авҷи ҷиноятҳои он режим алайҳи занону кӯдакон хонданд ва гуфтанд: Ин кумакҳо ва тақвият кардани дастгоҳҳои рӯ ба заъфи режими саҳюнистӣ, ҳам хиёнат ба уммати исломӣ аст ҳам хиёнат ба худи кишварҳои кумаккунанда, чаро, ки ин кумакҳо дар воқеъ кумак ба нобудии худашон аст.

 Ишон пешниҳод ва интизори ҳатмии Ҷумҳурии Исломии Эронро қатъи робитаи сиёсӣ ва иқтисодии давлатҳои исломӣ бо режими саҳюнистӣ хонданд ва бо таъкид бар инки дар сурати анҷоми ҳамапурсӣ дар кишварҳои исломӣ, ин интизор мавриди иттифоқи ҳама миллатҳои мусулмон аст, афзуданд: Ҳадди ақали интизор ин аст, ки давлатҳои исломӣ равобити худро ба таври муваққат ва то замони истимрори ҷиноятҳо бо режими саҳюнистӣ қатъ кунанд ва ба онҳо кумак накунанд.