Эрон, пештози афзоиши тавлид дар ОПЕК
(last modified Sat, 13 Apr 2024 09:21:36 GMT )
Апрел 13, 2024 14:21 Asia/Dushanbe
  • Эрон, пештози афзоиши тавлид дар ОПЕК

Бар асоси навтарин гузориши дабирхонаи ОПЕК, Эрон дар моҳи март 3 миллиону 188 бушка нафти хом тавлид карда, ки 28 ҳазор бушка бештар аз феврали 2024 буда ва ба ин тартиб пештози афзоиши тавлид дар Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) шудааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, тавлиди 6 узви ин созмон дар давраи мавриди  баррасӣ бо афзоиш ҳамроҳ буд, ки бештарин афзоиши тавлид бо 28 ҳазор бушка дар рӯз марбут ба Эрон аст. Қимати нафти хоми сангини Эрон бар асоси тозатарин гузориши моҳонаи ОПЕК дар моҳи апрел нисбат ба моҳи марти соли 2024  3 доллару  14 сент муодили 3.9 дарсад афзоиш ёфтааст, қимати нафти хоми сангин Эрон дар моҳи феврали 2024, 80 доллару 34 сент сабт шуд, дар ҳоли, ки ин рақам дар моҳи март 2024, 83 доллару 48 сент барои ҳар бушка буд.