Апрел 14, 2024 17:17 Asia/Dushanbe
  • Сафирони се кишвари аврупоии Британия, Фаронса ва Олмон ба ВУХ Эрон ҳозир шуданд
    Сафирони се кишвари аврупоии Британия, Фаронса ва Олмон ба ВУХ Эрон ҳозир шуданд

Дар пайи мавозеи ғайримасъулонаи бархе мақомоти се кишвари Британия, Фаронса ва Олмон дар қиболи посухи мутақобили Ҷумҳурии исломии Эрон ба иқдомоти режими саҳюнистӣ зидди атбоъ ва манофеи Эрон, сафирони ин кишварҳо дар Теҳрон ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуданд.

Ба гузориши Идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷа, дар пайи мавозеи ғайримасъулонаи бархе мақомоти Британия, Фаронса ва Олмон дар қиболи посухи мутақобили Ҷумҳурии исломии Эрон ба силсила-иқдомоти ғайриқонунии режими саҳюнистӣ алайҳи атбоъ ва манофеи Эрон, ки охирин мавриди он ҳамлаи буздилона ба сохтмони консулии Эрон дар пойтахти Сурия буд, сафирони Британия, Фаронса ва Олмон дар Теҳрон ба сурати ҷудогона ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуданд.

Сафирони се кишвари аврупоии Британия, Фаронса ва Олмон низ гуфтанд, ки маротибро саривақт ба давлатҳои худ мунъакис хоҳанд кард.

 

Барчасп