Таҳлил: Иқдоми низомии Эрон алайҳи арозии режими саҳюнистӣ, мисдоқи воқеъии "дифоъи машрӯъ"
(last modified Sun, 14 Apr 2024 14:56:58 GMT )
Апрел 14, 2024 19:56 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Иқдоми низомии Эрон алайҳи арозии режими саҳюнистӣ, мисдоқи воқеъии
    Таҳлил: Иқдоми низомии Эрон алайҳи арозии режими саҳюнистӣ, мисдоқи воқеъии "дифоъи машрӯъ"

Ҷумҳурии Исломии Эрон авохири бомдоди имрӯз якшанбе (14-уми апрели 2024) дар вокуниш ба ҳамлаи мусалаҳонаи режими саҳюнистӣ алайҳи амокини дипламатики Эрон дар Димишиқ, пойтахти Сурия, ҳамалоти паҳбодӣ ва мушакии мустақим ба аҳдофи низомӣ дар арозии ишғолӣ анҷом дод.

Режими саҳюнистӣ асри рӯзи якуми апрели 2024 дар иқдоми ҷинояткорона ба бахши консулии сафорати Эрон дар Дамишқ, пойтахти Сурия ҳамла кард, ки мунҷар ба шаҳодати ҳафт тан аз мунташирони аршади низомии Эрон шуд. Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ва фармондеҳи муаззам ва фармондеҳи Кули Қуво ин иқдоми Тел-Авивро ҳамла ба хоки Ҷумҳурии Исломии Эрон унвон ва таъкид кардан режими саҳюнистӣ  "танбеҳ"  хоҳад шуд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар 45 соли гузашта борҳову борҳо мавриди ҳамлаи мустақим ва ғайри мустақим қарор гирифт, аммо дар муқобили ин ҳамалот  «сабри роҳбурдӣ» ба харҷ дод ва ба далели таъаҳуд ба амнияти минтақа, аз вуруд ба ҳаргуна ҷанге худдорӣ кард. Ончӣ шаби гузашта Ҷумҳурии Исломии Эрон анҷом дод, иқдоми "танбеҳӣ" зиддӣ Исроил ва мисдоқи воқеъии "дифоъи машрӯъ" мундариҷ дар модаи 51 маншури Миллалӣ Муттаҳид буд.

Амир Саид Ирвонӣ сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллал шанбешаб ба вақти маҳалӣ дар нома Антони Гуттереш Дабири кули Созмони Миллал ва низ хонум  «Венсо Фаризер » сафир ва намояндаи доими Малта, ки кишвараш раёсати давраии Шурои амният дар моҳи ҷории мелодӣ (апрел)-ро бар уҳда дорад. таъкид кард: "Иқдоми низомӣ дар иҷрои ҳаққи зотии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои дифоъ аз худ, ки зайли моддаи 51 маншури Созмони Миллали Муттаҳид ба сароҳат омада, ва дар посӯх ба таҷовузоти низомии мукаррари режими Исроил ба вижа ҳамлаи низомии  ин режим дар 1-уми апрели соли 2024, ки дар таноқузи комил бо моддаи 2 банди 4 маншур буд, иттихоз шудааст."

Режими саҳюнистӣ бо ҳимоят ва ҳамроҳии Амрико, наслкуши дар Ғаззаро дифоъи машрӯъ хонд чаро,ки рӯзи 7-уми октябр бо амалиёти Тӯфони Алақсо мувоҷҷеҳ шуд. Иддаои дифоъи машрӯъ дар қиболи наслкуши дар Ғазза, иддаои нодурӯст ва тавҷҷеҳи барои ин ҷиноёти бесобиқа алайҳи мардуми Ғазза аст зеро мардуми Фаластин ба хусус дар Борикаи Ғазза аз 7 даҳҳа аст, ки бо хушунати систематики режими саҳюнистӣ  мувоҷҷе ҳастанд ва Тӯфони  Алақсо мисдоқи дифоъи машрӯъ дар муқобили ин хушунати созмонёфта буд. Иқдоми низомии шаби гузаштаи Ҷумҳури Исломии Эрон низ дифоъи машрӯъ дар муқобили ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба сафорати Эрон дар Димишқ буд.

Нуктаи дуввум инки, иқдоми қотеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон алайҳи режими саҳюнистӣ дар пайи набуди ирода дар Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид бо нотавонии ин Шӯро дар маҳкумияти иқдомоти мусалаҳонаи режими саҳюнистӣ алайҳи амокини дипломотики Эрон дар Сурия, анҷом шудааст. Инфиоли Шӯрои амният  ва ҳатто ҳимояти бархе аъзои ин Шӯро ба хусӯс Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, сабаб шуд Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дифоъ аз худ, иқдоми низомӣ алайҳи Фаластини ишғолӣ анҷом диҳад.

Амир Саид Ирвонӣ дар ин замина тасреҳ кард: "Муътасифона, Шӯрои анияти Созмони Миллали Муттаҳид дар анҷоми вазоифи худ дар ҳифзи сулҳу амнияти байналмиллалӣ кутоҳ намуда ва ба режими Исроил иҷоза дода то хутути қирмиз ва усулм асосии ҳуқуқи байналмиллалиро зери по бигузорад, чунин тахалуфоте сабаби танишҳо дар минтақа шуда ва сулҳу амнияти минтақаӣ ва байналмиллалиро ба хатар андохтааст"

Нуктаи саввум инки: Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иқдоми низоми алайҳи Исроил ҳеҷ макони ё шахси ғайри низомиро мавриди ҳадаф қарор надод. Ин дар ҳоле аст, ки режими саҳюнистӣ аз як сӯ сафорати Эронро, ки амокини дипломотик ва дороӣ масуният аст мавриди ҳадаф қарор дод ва аз сӯи дигар ҳудуди 7 моҳ аст, ки шаддитарин ҷиноётро  алайҳи ғайри низомиёни Ғазза муртакиб мешавад.

Нуктаи поёни инки,: Иқдоми низомиии Ҷумҳӯрии Ислмоии Эрон алайҳи режими саҳюнистӣ танҳо нахустин гом дар ҳимоят аз тамомияти арзии Эрон буд ва дар сурати вокуниши ин режим ба иқдоми низоиии Эрон, иқдоми густардатаре алайҳи Фаластини ишғолӣ анҷом хоҳад шуд.