Апрел 15, 2024 15:43 Asia/Dushanbe
  • Байден ба унвони нахустин ва бузургтарин муттаҳиди Исроил ба бесобиқа будани ин амалиёт эътироф кард
    Байден ба унвони нахустин ва бузургтарин муттаҳиди Исроил ба бесобиқа будани ин амалиёт эътироф кард

Дар пайи ҳамалоти паҳподиву мушакии Эрон ба аҳдофи низомӣ дар арозии ишғолии Фаластин, ки дар посух ба ҳамлаи режими саҳюнистӣ алайҳи амокини дипломатии Эрон дар Димишқ - пойтахти Сурия анҷом шуд, Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико бо таъкид бар бесобиқа будани ин ҳамла гуфт: Амрико дар иқдомоти эҳтимолии Исроил алайҳи Эрон мушорикат нахоҳад кард.

13 рӯз пас аз ҳамлаи Исроил ба бахши консулии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Димишқ, ки мунҷар ба шаҳодати ҳафт нафар аз мусташорони эронӣ шуд, бомдоди рӯзи 14 апрел Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон бо парвози садҳо паҳпод ва шиллики мушак ба сӯи сарзаминҳои ишғолӣ, иқдом ба танбеҳи ин режими мутаҷовиз кард.

Ин амалиёти васеъ бозтоби бисёр зиёде дошт ва на танҳо Тел-Авив, балки муттаҳидони Исроилро низ шигифтзада кард. Чунон ки раиси ҷумҳурии Амрико ба унвони нахустин ва бузургтарин муттаҳиди Исроил ба бесобиқа будани ин амалиёт эътироф кард. Амрико даҳаҳост, ки ба унвони муттаҳиду ҳомии бузурги Исроил дар канори режими саҳюнистӣ қарор дорад ва бузургтарин кумакҳои моливу низомиро ба Исроил арза медорад. Чунон ки Исроил низ солҳост бо чароғи сабзи Амрико ва ҳимояти ин кишвару муттаҳидони ғарбиаш, сиёсати куштори фаластиниёну ишғоли сарзаминашонро дунбол мекунад.

Режими Исроил ҳамчунин ба унвони муттаҳиди Амрико даҳаҳост алайҳи манофеи Эрон дар минтақа вориди амал шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Эрон борҳо нисбат ба мудохилоту иқдомоти режими саҳюнистӣ дар минтақа ҳушдор додааст.

Бо ин ҳол режими саҳюнистӣ бо нодида гирифтани ҳушдорҳои Эрон ба таҷовузоти худ идома медиҳад. Чунон ки 13 рӯз қабл бо зери по гузоштани тамоми қавонини байналмилалӣ, сохтмони консулгарии Эрон дар Димишқро ҳадаф қарор дод.

Дар ин ҳамла ҳафт нафар аз аъзои дипломатӣ ва неруҳои вобастаи низомии Эрон ба шаҳодат расиданд.

Ин иқдоми Исроил бо вокуниши шадиди Ҷумҳурии исломии Эрон рӯ ба рӯ шуду Эрон расман хостори маҳкумияти ин иқдом аз сӯи ниҳодҳову созмонҳои байналмилалӣ шуд. Ҳамчунин Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии Икс навишт: Бо эҳзори мақоми сафорати Швейтсария ба унвони ҳофизи манофеи Амрико дар Эрон, абъоди ҳамлаи террористӣ ва ҷинояти режими Исроил табйин ва масъулияти давлати Амрико мавриди таъкид қарор гирифт.

Дар воқеъ, амалиёти мушакиву паҳподии Эрон ба режими саҳюнистӣ маҳдуд ба он бахше буд, ки Исроил барои ҳамла ба Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Димишқи Сурия ва шаҳодати фармондеҳон аз он истифода карда буд.

Абъоди ин ҳамла сабаб шуд, ки раиси Ҷумҳурии Амрико расман эълом кунад, Амрико дар иқдоми эҳтимолии Исроил алайҳи Эрон баъд аз ҳамлаи мушакиву паҳподии Ҷумҳурии исломии Эрон алайҳи режими саҳюнистӣ мушорикат нахоҳад кард. Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти низомии Ҷумҳурии исломии Эрон пеш аз ҳамлаи мушакиву паҳподии густарда алайҳи режими саҳюнистӣ, ба Амрико ҳушдор дода буданд, ки ҳар гуна дахолати Амрико метавонад ба ҳадаф қарор гирифтани мавозеъ ва пойгоҳҳои ин кишвар дар нуқоти мухталиф мунҷар шавад.

 

Барчасп