Апрел 15, 2024 17:59 Asia/Dushanbe
  • Сухангуи Вазорати умури хориҷа: Ҷумҳурии Исломии Эрон қудрати муқтадир ва амниятофарин аст
    Сухангуи Вазорати умури хориҷа: Ҷумҳурии Исломии Эрон қудрати муқтадир ва амниятофарин аст

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрони қудрати муқтадир ва амниятофарин аст гуфт Эрон бо пойбанди ба мавозин ва қавонини байналмилалӣ барои эҷоди боздорандагӣ ва танбеҳи ҳар мутаҷовизи амал хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузоии Эрон Пресс, Носири Канъонии Чофӣ сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрони рузи душанбе дар нишасти ҳафтаги бо хабарнигорон дар бораи амалиёти мушакӣ ва паҳподии Эрон зиди режими саҳюнистӣ афзуд, иқдоми Эрон дар ҳамла ба бархе мақарҳои низомии режими саҳюнистӣ дар ростои эъмоли ҳақи зотии дифои машруъи зайли модаи маншури 51 милали муттаҳид ва дар посух ба таҷовузҳои мукаррари режими саҳюнистӣ ба вижаи таҷовузи ахири онҳо ба мақари диплумотики Эрон дар Димишқ анҷом шуд .

Канъонии Чофӣ гуфт иқдоми машруъ ва қонунии Эрони зиди иқдоми таҳрикомез, ҷасурона ва ноқизи қавонини байналмилалии режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба бахши консулии сафорати Эрон дар Сурия ба манзури танбеҳи мутаҷовиз сурат гирифт ва интизор ин аст ки ин иқдоми Эрон мавриди таъйиди ҷомеъаи ҷаҳони қарор гирад .

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки Эрон ба дунболи тавсеаи таниш дар минтақа нест ва пойбанд ба мавозин ва қавонини байналмилалӣ аст, тасреҳ кард бо таваҷҷуҳ ба сукути шурои амният ва сухангӯии дастгоҳи дипломасии Эрони афзуд, интизор меравад дигарон ва аз ҷумлаи Амрико ва вокуниши мантиқӣ ва масъӯлонаи Эронро мавриди тавваҷуҳ қарор диҳанд ва баҷои алфоз ва мавозиъи ғайримантиқӣ, қадрдони иқдоми Эрон дар ростои ҳифзи сабот ва  амнияти минтақаӣ бошанд .

Канъонии ЧоФӣ афзуд , режими опортойди саҳюнистӣ ба унвони бозӣгарии моҷароҷу бо ҳимояти номаҳдуди Амрико то кунун аҳамиятӣ ба қатъномаҳои шурои аминат ва шурои ҳуқуқ башар надода ва ба ҷиноёти ҷангӣ ва наслкушии худаш идома медиҳад .

Барчасп