Апрел 16, 2024 10:22 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Дифоъи машрӯъ ва танбеҳи режими саҳюнистӣ, танҳо гузинаи  Эрон буд

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт:Амалиёти неруҳои мусаллаҳи Эрон зидди мавозеъи низомии режими мутаҷовизи саҳюнистӣ дар чорчуби дифоъи машрӯъ ва ҳуқуқи байналмилалӣ буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бомдоди якшанбе (14 апрел) дар посух ба ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ, садҳо пҳпод ва мушак ба самти сарзаминҳои ишғолӣ шиллик кард, ки бозтоби густурдае дар расонаҳо ва афкори умумии ҷаҳон дошт.

 Ба гузориши ИРНА,Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯйи телефонӣ бо Антонио Гутерриш-дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид афзуд, ба далели нокоромадии Шӯрои Амният ва маҳкум накардани ҳамлаи режими Исроил ба сафорати Эрон дар Димишқ, дифоъи машрӯъ ва танбеҳи режими саҳюнистӣ танҳо гузинаи Эрон барои муқобила бо мутаҷовиз буд.

Амирабдуллоҳиён бо ташреҳи амалиёти неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон зидди мавозеъи низомии режими мутаҷовизи саҳюнистӣ идар чорчуби дифоъи машрӯъ ва ҳуқуқи байналмилал афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вуҷуде, ки қодир буд ин амалиётро дар шуоъи густурдатаре анҷом диҳад, сирфан он бахш аз мавозеъи низомии режими саҳюнистиро ҳадаф қарор дод, ки аз онҷо ҳамла ба сафорати Эрон дар Димишқ сурат гирифта буд.

 Раиси дастгоҳи дипломосии Эрон бо қадрдонӣ аз талошҳои дабири кулли СММ дар кумак ба мардуми Фаластин тасреҳ кард, режими саҳюнистӣ шаш моҳ дар ҳоли қатли ом ва наслкушии кӯдакон ва занони бедифоъ дар Ғазза аст ва Амрико ва муттаҳидонаш ин режими наслкушро мутаваққиф намекунанд.

Антонио Гутерриш низ бо ишора ба амалиёти Ҷумҳурии Исломии Эрон зидди режим Исроиил, тадовуми хештандорӣ аз сӯи тарафҳои даргир дар муноқишоти минтақаро хостор шуд.

 Вай бо маҳкум кардани ҳамла ва таарруз ба маконҳои дипломатӣ, аз мавзеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон барои таваққуфи амалиёти бештар зидди режими саҳюнистӣ қадрдонӣ кард ва гуфт, СММ аз режими Исроил хостааст то иқдоми талофиҷуёнае анҷом надиҳад ва танишҳо дар минтақа ба нафъи барқарории сулҳ ва ҷилавгирӣ аз густариши хушунатҳо коста шавад.

 

Барчасп