Апрел 16, 2024 10:33 Asia/Dushanbe
  • Куштии фарангии қаҳрамонии Осиё;чаҳор нишони рангоранги намояндагони Эрон дар рӯзи нахуст

Дар рӯзи нахусти мусобиқоти куштии фарангии(юнонӣ-рум) қаҳрамонии Осиё намояндаи Эрон бо бартарӣ дар финали вазни 130 килограмм тавонист дувумин нишони тилоро касб кунад.

Ин мусобиқот аз 11 то 16 апрел дар шаҳри Бишкек дар ҳоли баргузорӣ аст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, дар вазни 130 килограмм, Амини Мирзозода дар дидори ниҳоӣ ба масофи ҳарифе аз Кореяи ҷанубӣ рафт ва тавонист бо натиҷаи панҷ бар сифр, муқтадирона ба медали тилои сангинвазн бирасад.

Пеш аз ин дар вазни 87 килограмм,Носири Ализода ҳарифе аз Қазоқистонро шикаст дод ва ба медали тилло даст ёфт.

 Дар вазни 55 килограмм, Пуё Додмарз-дигар миллипӯши Эрон бо қабули шикаст аз ҳарифе аз Кореяи шимолӣ ба медали нуқра басанда кард.

 Дар вазни 63 килограмм ҳам Имони Муҳаммадӣ дар дидори радабандӣ муқобили ҳарифе аз Чин ба пирӯзӣ расид ва соҳиби медали бринҷӣ шуд.

 Тими Эрон дар поёни рӯзи нахуст шароити мусоиде барои расидан ба унвони қаҳрамонӣ дошт.

Рақобати панҷ вазни дувуми пайкорҳои куштии фарангии қаҳрамонии Осиё, имрӯз сешанбе баргузор мешавад.

 

Барчасп