Январ 07, 2017 15:07 Asia/Dushanbe
  • Боздиди Гутерреш аз дафтари хабаргузории Садо ва симо дар СММ

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз дафтари хабаргузории Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қароргоҳи ин созмон боздид кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Антониу Гутерреш, дабири кулли Созмони Милал рӯзи ҷумъа дар боздид аз дафтари хабаргузории Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қароргоҳи ин созмон дар Ню-Йорк аз сафаре, ки пештар ба Эрон дошт, ёдоварӣ кард. Гутерреш сафари худро ба Эрон бисёр хуб арзёбӣ кард.

Гутерреш, ки ҷойгузини Пан Ги Мун шудааст, пештар нахуствазири Португалия ва кумиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон буд.