Апрел 17, 2024 09:44 Asia/Dushanbe
  • Тими Эрон дар рақобатҳои куштии фарангии қаҳрамонии Осиё дар Бишкек
    Тими Эрон дар рақобатҳои куштии фарангии қаҳрамонии Осиё дар Бишкек

Тими миллии куштии фарангии Эрон бо касби 9 медали тилло, нуқра ва бронз, қаҳрамони куштии фарангии Осиё шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, тими миллии куштии фарангии Эрон дар рақобатҳои куштии фарангии қаҳрамонии Осиё дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон бо касби 4 медали тилло, 3 медали нуқра ва 2 медали бронз бо иқтидор унвони қаҳрамонии қораи Осиёро аз они худ кард.

Сивусеюмин давраи рақобатҳои куштии фарангии қаҳрамонии Осиё рӯзҳои 15 ва 16 апрели соли 2024 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд ва дар поён Саид Исмоилӣ дар вазни 67 килограм, Носир Ализода дар вазни 87 килограм, Муҳамадҳодии Соравӣ дар вазни 97 килограм ва Амини Мирзозода дар вазни 130 килограм ба медали тилло даст ёфтанд.

Пӯё Додмарз дар вазни 55 килограм, Муҳаммадризо Рустамӣ дар вазни 72 килограм ва Расули Гармсерӣ дар вазни 82 килограм соҳиби медали нуқра шуданд ва Амирризо Деҳбузургӣ ва Имони Муҳаммадӣ дар вазни 63 килограм низ ба медали бронз расиданд.

Дар радабандии тимӣ Эрон муқтадирона ва бо касби 200 имтиёз ба унвони қаҳрамонӣ расиду тимҳои Қирғизистон бо 144 имтиёз ва Ҷопон бо 142 имтиёз дувум ва сеюм шуданд.

 

Барчасп