Апрел 18, 2024 19:13 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар ҳифозат ва амнияти комили марказҳои ҳастаии Эрон

Фармондеҳи Сипоҳи ҳифозат ва амнияти марказҳои ҳастаии Эрон гуфт:Таҳдиди режими саҳюнистӣ зидди марказҳои ҳастаии Эрон,бознигарӣ ва гузаштан аз сиёсатҳо ва мулоҳизоти эъломии ҳастаии Ҷумҳурии исломиро ба эҳтимол наздик месозад.

Ба гузориши равобити умумии кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, Аҳмади Ҳақталаб дар бораи иқдоми эҳтимолии режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба амалиёти пирӯзмандонаи "Ваъдаи содиқ" дар бораи ҳамла ба таъсисоти ҳастаии Эрон гуфт: Ин таҳдидҳо марбут ба имрӯзу дирӯз нест; Аз солҳои қабл режими ҷаълии саҳюнистӣ илова бар таҳдид, нисбат ба иқдомоти харобкорона ва террористӣ дар ҳавзаи саноъати ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эрон иқдом кардааст.

Сардор Ҳаққталаб афзуд, ҳарчанд бар асоси протоколҳо ва стандартҳои ҷаҳонӣ ва қонунҳо ва муқаррароти Ожонси байналмилалии ҳастаӣ ҳамаи кишварҳо аз ҳамла ба таъсисоти ҳастаӣ парҳез дода шудаанд, аммо дар ин ҳол Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора ва аз ҳамон ибтидо омодагии муқобила бо ин таҳдидотро доштааст.

 Генерал Ҳаққталаб бо таъкид бар инки неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар омодагии комил ба сар мебаранд, афзуд: Марказҳои ҳастаии душмани саҳюнистӣ шиносоӣ ва иттилооти лозим аз ҳама аҳдоф дар ихтиёр аст ва барои посух ба иқдоми эҳтимолии онҳо, дастҳо рӯйи мошаи шиллики мушакҳои қудратманд барои нобудии аҳдоф мушаххас шудааст.

 Фармондеҳи сипоҳи ҳифозат ва амнияти марокизи ҳастаии Эрон таъкид кард,дар сурате, ки режими саҳюнистӣ бихоҳад иқдоме зидди марокиз ва таъсисоти ҳастаии Эрон анҷом диҳад ҳатман ва қатъан бо вокуниши Ҷумҳурии Исломии Эрон мувоҷеҳ ва барои муқобила ба мисл бо силоҳҳои пешрафта марокизи ҳастаии режим мавриди таҳоҷум ва амалиёт қарор хоҳад гирифт ва навъи посух бо тадбири неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳад буд ва онҳо мутмаин бошанд зарбае, ки аз неруҳои мусаллаҳи Эрон дарёфт мекунанд ба монанди амалиёти "Ваъдаи содиқ " дар таърих ёдгор хоҳад монд.

 

Барчасп