Маҳкумияти ветои қатъномаи узвияти Фаластин дар Созмони Милал аз сӯи Эрон
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ветои қатъномаи узвияти комили Фаластин дар Созмони Милали Муттаҳид тавассути Амрикоро маҳкум кард.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ветои қатъномаи узвияти комили Фаластин дар Созмони Милали Муттаҳид тавассути Амрикоро маҳкум кард.
Шӯрои Амнияти СММ панҷшанбешаб дар мавриди қатъномаи пазириши узвияти комили Фаластин дар ин созмон раъйгирӣ кард.
Аз 15 узви ША 12 узв ба қатънома раъйи мусбат ва Швейтсария ва Биритониё ба он раъйи бетарафона доданд.
Амрико танҳо узве буд, ки раъйи манфӣ дод ва бад-ин тартиб ин қатъномаро вето кард.
Дар ҳамин росто Носир Канъонии Чофӣ- сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи( ҷумъа) гуфт: Ин иқдоми Вашингтон моҳияти риёкоронаи сиёсати хориҷии Амрико ва инзивои мавзеъи Кохи Сафед назди ҷомеаи ҷаҳониро беш аз пеш назди афкори умумии ҷаҳон бармало сохт.
Канъонӣ афзуд: Ҳимояти якҷониба ва номаҳдуди Амрико аз режими саҳюнистӣ дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ, ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ бо ҳазинаи шаҳрвандони амрикоӣ ва ба баҳои қурбони кардани сулҳ ва амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ дар беш аз ҳафт даҳа гузашта, на танҳо коркарди худро аз даст додааст, балки ҳайати ҳокимаи Амрикоро низ беш аз ҳамеша назди афкори умумии дунё беобрӯ сохта ва собит намуда, ки Амрико бозигари бетараф ва кунишгари масъуле дар ҷомеаи ҷаҳонӣ нест.
Чофӣ ҳамчунин бори дигар бар ҳаққи машрӯъ ва ғайриқобили инкори миллати Фаластин дар ташкили давлати мустақили Фаластин ба пойтахтии Қудси шариф дар кулли сарзамини таърихии фаластиниён аз баҳр то наҳр, таъкид кард ва гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон бар ин бовар аст, ки иродаи миллати муқовим ва қаҳрамони Фаластин дар ниҳоят бар иродаи душманони фаластиниён ва дар раъси он режими ҷаълӣ, апартеид ва ҷинояткори Исроил ғолиб хоҳад омад.