Истиқбол аз маҳсулоти донишибунёни эронӣ дар намоишгоҳи саломати ҷануби шарқи Осиё
Маҳсулоти донишибунёни эронӣ дар бузургтарин руйдоди намойишгоҳии ҳавзаи саломати ҷануби шарқи Осиё дар Малайзия мавриди истиқболи чашмгир қарор гирифт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ғурфаи ширкатҳои донишибунёни эронӣ дар бузургтарии руйдоди намойишгоҳи ҳавзаи саломати ҷануби шарқи Осиё дар Малайзия барпо шуд .
Дар бистучаҳорумин намоишгоҳи байналмилалии лавозими пизишкӣ ва доруи Малайзия, 10 ширкати эрони тозатарин тавлидоти худро дар ҳавзаи лавозими пизишкӣ ва доруи арза карданд ки мавриди тавваҷуҳи боздидкунандагон ва ширкаткунандагон аз кишварҳои мухталиф қарор гирифт .
Ширкатҳои аз кишварҳои Тайланд, Гонконг ва Миянмар аз доруҳо ва мукаммалҳои доруи тавлиди Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол карданд .
Ҳамчунин анвоъи лавозими ҷарроҳии уртупиди, вилчерҳои фавқисабук бо тарроҳии зебо ва мутаносиб бо ҳаҷм ва вазни бемор ва дастовардҳои ҳавзаи фанноварии зисти мавриди тавваҷуҳи харидорони умдаи ин бозор қарор гирифт.
Ба гуфта Ковен мудириҷрои бистучаҳорумин намоишгоҳи байниалмилалии лавозими пизишкӣ ва доруи Малайзия, Эрон, Фаронса ва Латвия бо ироаи садҳо дастоварди вижа дар ҳавзаи дорусозӣ, таҷҳизот ва лавозими пизишкӣ барои нахустинбор ба унвони миҳмонони вижа дар ин намоишгоҳи бузург ширкат карданд .
Ковен афзуд: Маҳсулоти вижаи ширкатҳои эронӣ дар бахши дору, лавозими ҷарроҳии уртупеди ва тавонбахши мисолзадани аст ва ба зуди ҷойгоҳи хубиро дар бозорҳои Малайзия ва минтақаи ҷануби шарқи Осиё касб мекунад .
Бистучаҳорумин намоишгоҳи байналмилалии таҷҳизоти пизишкӣ ва доруи то 19 апрели соли 2024 бо ҳузур беш аз 100 ширкати фаъол аз 15 кишвари дунё баргузор шуд .
Ин намоишгоҳи солонаи фурсатӣ барои табодули дониш ва таҷриба ва ироаи фанновариҳои навини ҳавзаи пизишки миёни 10 кишвари узви иттиҳодияи Осеон аст.