"Як лаҳза ҳам набояд мутаваққиф шуд"
Қадрдонии имом Хоманаӣ аз амалкарди ҳамроҳ бо тадбири Неруҳои мусаллаҳи Эрон
Имом Хоманаӣ зуҳри имрӯз - якшанбе дар дидори ҷамъе аз фармондеҳони олии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон, зимни қадрдонии самимона аз талошҳову муваффақиятҳои онҳо дар қазоёи ахир таъкид карданд: Ба лутфи Худованд неруҳои мусаллаҳ чеҳраи хубе аз тавоноиҳову иқтидори худ ва ҳамчунин як чеҳраи сутуданӣ аз миллати Эрон ба намоиш гузоштанду зуҳури қудрати иродаи миллати Эрон дар арсаи байналмилалиро ба исбот расонданд.
Раҳбари инқилоби исломӣ дар ин дидор зимни табрики Рӯзи Артиш ва ҳамчунин солрӯзи таъсиси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, бо таъкид бар ин ки дастовардҳои ахири неруҳои мусаллаҳ муҷиби эҷоди эҳсоси шукуҳу азумат дар бораи Эрони исломӣ дар чашми ҷаҳониёну нозирони ҷаҳонӣ шудааст, афзуданд: Мавзӯи теъдоди мушакҳои шилликшуда ва ё мушакҳои ба ҳадаф исобат карда, ки тарафи муқобил бар рӯи онҳо мутамаркиз шуда, мавзӯи дасти дувум ва фаръӣ аст. Мавзӯи аслӣ зуҳури қудрати иродаи миллати Эрон ва неруҳои мусаллаҳ дар арсаи байналмилалӣ ва исботи он аст, ки нороҳатии тарафи муқобил низ аз ҳамин мавзӯъ аст.
Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ҳафтаи гузашта дар посух ба ҷинояти режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба Сафорати Эрон дар Димишқ, бо шиллики беш аз 300 мушаки боллистик, круз ва паҳподҳои таҳоҷумӣ, чандин ҳадафи низомиро дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳадаф қарор дод.
Ин амалиёт, ки аз он ба унвони бузургтарин амалиёти паҳподиву мушакии ҷаҳон ном бурда мешавад, бозтоби густардае дар ҷомеаи байналмилал дошт ва боиси шодии озодихоҳони ҷаҳон шуд.
Имом Хоманаӣ дар ин дидор бо қадрдонӣ аз лиҳоз шудани тадбир дар иқдомоти неруҳои мусаллаҳ гуфтанд: Ҳаводиси гуногун бо ҳазинаву дастовард ҳамроҳ ҳастанду муҳим он аст, ки бо тадбир аз ҳазинаҳо коста ва бар дастовардҳо афзуда шавад ва ин коре аст, ки неруҳои мусаллаҳ дар ҳаводиси ахир ба хубӣ анҷом доданд.
Раҳбари инқилоби исломӣ бо қадрдонӣ аз талошҳову фаъолиятҳои сипоҳ, артиш ва неруи интизомӣ, Неруҳои мусаллаҳи Эронро ба идомаи талошу ҳаракат барои мувоҷеҳа бо душманиҳову душманҳо бо такя бар навовариву ибтикор тавсияву хотирнишон карданд: Як лаҳза ҳам набояд мутаваққиф шуд, зеро таваққуф ба маънои ақибгардӣ аст, бинобарин бояд навоварӣ дар таслеҳоту шеваҳо ва ҳамчунин шинохти равишҳои душман ҳамвора дар дастури кор бошад.
Эшон бо таъкид бар ин ки ҳайсияти миллати Эрон бояд дар чашми дунё барҷаста бошад, афзуданд: Зимни шиносоии истеъдодҳо ва неруҳои тавонманду халлоқ, ба Худованди мутаол ҳусни занн дошта бошед ва ба ӯ таваккул кунед ва бидонед, ки ваъдаи Худованд дар дифоъ аз муъминин ҳатмӣ ва тахаллуфнопазир аст.
Раҳбари инқилоби исломӣ дар ин дидор ҳамчунин ташаккури вижае аз хонаводаҳои фармондеҳону радаҳои мухталифи артиш, сипоҳ ва неруӣ интизомӣ доштанду хотирнишон карданд: Бори аслии заҳамот бар дӯши ҳамсарону фарзандони неруҳои мусаллаҳ аст, ки сахтиҳоро таҳаммул мекунанд.
Дар ин дидор сардори сарлашкар Боқирӣ, раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон бо ишора ба таҳаввулоти бузурги соли 1402 ва ҳамчунин ҳафтаҳои оғозини соли 1403, аз ҷумла амалиёти «Тӯфони Алақсо» ва амалиёти «Ваъдаи содиқ» дар танбеҳи режими саҳюнистӣ гузориши кӯтоҳе аз охирин омодагиҳову тавоноиҳои неруҳои мусаллаҳ ироа кард.