Апрел 22, 2024 11:28 Asia/Dushanbe
  • Аввалин пирузии духтарони футболисти эронӣ дар КАФА
    Аввалин пирузии духтарони футболисти эронӣ дар КАФА

Дувумин давраи мусобиқоти футболи духтарони камтар аз 18 соли Осиёи Марказӣ-КАФА 2024 бо бурди пургули тими Эрон дар ҳол пайгирӣ аст.

Ба гузориши ИРНА, дидори тимҳои футболи бонувони Эрон ва Узбекистон дирузи якшанбе 21 апрел дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд ки шогирдони Марями Ҷаҳони Наҷотӣ бо натиҷаи 4 бар 2 пируз майдон шуданд .

Дар ин бози Сумая Исмоили ба унвони беҳтарини бозикуни замин интихоб шуд .

Дар ҷадвали ин давра аз мусобиқот ки басурат давраи баргузор мешавад, тимҳои Эрон ва Қирғизистон бо 3 имтиёзи аввал ва дувум ҳастанд ва тимҳои Туркманистон ва Тоҷикистон бидуни имтиёз ба ин тартиб дар радаҳои севум ва чаҳорум қарор гирифтаанд .

Тими Эрон дар дувумин дидори худ имрузи душанбе аз соъати 15 ба вақти маҳаллӣ ба масофи тим Туркманистон меравад.

Барчасп