Апрел 22, 2024 17:40 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи расмии нахуствазири Покистон аз раиси ҷумҳури Эрон
    Истиқболи расмии нахуствазири Покистон аз раиси ҷумҳури Эрон

Оқои Раисӣ ки барои сафари 2 руза ба Покистон сафар кардааст, мавриди истиқболи расмии нахуствазири ин кишвар қарор гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, дар маросими истиқболи расмии нахуствазири Покистон аз раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, пас аз навохташудани суруди миллии Эрон ва Покистон сарони ду кишвар аз ягони ташрифот, боздид карданд ва оқои Раисӣ ба расми дустӣ ва ёдбуд, ниҳолӣ дар муҳавватаи дафтари нахуствазирии Покистон кошт .

Сипас раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва нахуствазири Покистон, аъзои ҳайатҳои олии рутбаи ҳамроҳро ба якдигар муаррифи карданд .

Оқои Раисӣ ва ОШаҳбоз Шариф пас аз маросими истиқболи расмӣ, дидору гуфтугуҳои хусуси доштанд.

Барчасп