Апрел 22, 2024 17:52 Asia/Dushanbe
  • Дабири шурои олии амнияти миллӣ ба Русия сафар мекунад
    Дабири шурои олии амнияти миллӣ ба Русия сафар мекунад

Оқои Аҳмадён ба даъвати дабири шурои амнияти миллии Федератсияи Русия, Николай Патрушев барои ширкат дар нишаст дабирони шуроҳои амнияти миллии кишварҳои узви Брикси озими Санкт-Петербурги Русия хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, дабири шурои олии амнияти миллӣ бинобари даъвати дабири шурои амнияти миллии Федератсияи Русия, Николай Патрушев дар раъси як ҳайати баландпояи амниятӣ, барои ширкат дар давоздаҳумин нишаст байналмилалии мақомоти олирутбаи масъул дар умури амниятӣ ва нишаст дабирони шуроҳои амнияти миллии кишварҳои узви Брикс озими шаҳри Санкт-Петербурги Рӯсия хоҳанд шуд .

Дар ин сафар бар асоси роҳбурди сиёсат чандҷонибагароӣ ва дар тадовуми дипломасии фаъол ва пуёи сиёсӣ-амниятии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вижа дар давлати сездаҳум ва ба манзури иртиқо ва рушди равобити дуҷонибаи минтақаӣ ва байналмилалӣ, оқои доктори Аҳмадён бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои Рӯсия, Бразилия, Африқои Ҷанубӣ, Чин, Ҳинд ва Ироқ низ дидорҳои ҷудогонаи хоҳанд дошт .

Иҷлоси амниятии Санкт-Петербург, бо собиқаи беш аз як даҳа аз маъдуди руйдодҳои амниятии бузурги солона дар сатҳи байналмилалӣ аст ки ба ибтикори кишвари Русияи ташкил ва ба таври мустамар баргузор шудааст.

Аз ҷумлаи вижагиҳои муҳими ин иҷлос муқобила бо якҷонибагароӣ ғарб, бавижа Амрико дар арсаи амнияти байналмилал ва ниҳодина кардани ривоятгарӣ ва ривоятсозии мустақил дар ин соҳат аст.

Барчасп