Апрел 23, 2024 10:44 Asia/Dushanbe
  • Дувумин пирӯзии духтарони футболисти Эрон дар рақобатҳои КАФА

Тими футболи бонувони ҷавони Эрон дар дувумин дидори худ аз рақобатҳои Осиёи Миёна баробари Туркманистон ба пирӯзии пургол даст пайдо кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дувумин дидори тимҳои футболи духтарони ҷавони Эрон ва Туркманистон дар мусобиқоти Осиёи Миёна (КАФА) рӯзи душанбе дар Тоҷикистон баргузор шуд, ки шогирдони Ҷаҳони Наҷотӣ дар ин дидор бо 7 гол пирӯзи майдон шуданд.

 Нимаи нахусти ин дидор бо натиҷаи 5 бар сифр ба суди Эрон ба поён расид.

 Марями Динӣ, бозикуни эронӣ ба унвони беҳтарин бозикуни замин аз сӯи масъулони баргузоркунандаи КАФА интихоб шуд.

Севумин дидори Эрон баробари Тоҷикистон рӯзи ҷумъа 26 апрел аз соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ баргузор хоҳад шуд.

 

Барчасп