Апрел 24, 2024 17:52 Asia/Dushanbe
  • Дидори ҳазорон нафар аз коргарон бо Раҳбари инқилоб
    Дидори ҳазорон нафар аз коргарон бо Раҳбари инқилоб

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфтанд: Миллати бузургу решадори Эрон дар муқобили зӯргӯиву зиёдахоҳиҳо таслим намешавад ва бо табдили таҳримҳо ба фурсат, ба уфуқи равшани оянда даст хоҳад ёфт.

Имрӯз - чаҳоршанбе дар дидори ҳазорон нафар аз коргарон, ҳадафи воқеии Амрико ва Ғарб аз таҳриму фишор бар Эронро таслиму табаияти маҳзи миллату низоми исломӣ хонданду таъкид карданд: Миллати бузургу решадори Эрон ва ҷумҳурии исломӣ дар муқобили зӯргӯивуу зиёдахоҳиҳо таслим намешавад ва бо табдили таҳримҳо ба фурсатҳои пешрафту шукуфоӣ, ба уфуқи равшани оянда даст хоҳад ёфт.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, кору корофаринро ду ҳамкори хати муқаддами ҷанги иқтисодии таҳмилии душманон бар миллати Эрон баршумурданду афзуданд: Ин ду унсури аслии мубориза бо Амрико, ҳар қадар беҳтар талош кунанд ва ҳар қадар заминаи талоши муассир барои онон фароҳамтар шавад, тавфиқоти бештаре насиби кишвар ва миллат хоҳад шуд.

Эшон бо баёни нақши калидии ҷомеаи коргарӣ дар ҷаҳиши тавлиду беҳбуди вазъи иқтисодии кишвар, ба табйини вазоифи масъулон барои ҳалли мушкилоти қишри қонеъ ва наҷиби коргар пардохтанду гуфтанд: Ҳоли хуби ҷомеаи коргарӣ - ҳоли миллатро ҳам хуб хоҳад кард.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар бахши дигаре аз суханонашон, суҳбат аз масоили иқтисодӣ, бидуни тавваҷуҳ ба таҳримҳои ба гуфтаи Амрикову аврупоиҳо бесобиқаро ғайримумкин донистанду тасреҳ карданд: Ғарбиҳо дар бораи ҳадаф аз вазъи таҳримҳо алайҳи Эрон ба дурӯғи масоиле монанди силоҳи ҳастаӣ, ҳуқуқи башар ва ҳимоят аз терроризмро матраҳ мекунанд.

Эшон дар табйини таноқузу баҳонаҳои дурӯғини ғарбиҳо ба намунаи Ғазза ишора карданду афзуданд: Аз назари онҳо мардуми таҳти бомбаборони Ғазза террорист ҳастанд, аммо давлати хабису ҷаълӣ ва бераҳми саҳюнистӣ, ки зарфи шаш моҳ наздик ба 40 ҳазор нафар, аз ҷумла чанд ҳазор кӯдакро қатли ом карда, террорист нест.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкиди муҷаддад бар ҳадафи аслии амрикоиҳо аз таҳрим, яъне табаияту таслими маҳзи миллати Эрон ва ҷумҳурии исломӣ дар заминаҳои сиёсиву иқтисодӣ гуфтанд: Онҳо мехоҳанд сарват, обрӯ ва сиёсатҳои Эрон монанди бархе кишварҳо дар дасти Амрико бошад, аммо низоми исломӣ ва ғайрати исломиву миллати бузургу решадори Эрон маҳол аст, ки таслими зӯргӯии онҳо шаванд.

Эшон пешрафтҳои таслиҳотиро намунае аз табдили таҳримҳо ба фурсат хонданду афзуданд: Ин пешрафт, ки як ҷое худро нишон дод, ҳамаи душманонро мутааҷҷиб кард, ки Эрони исломӣ чӣ гуна тавонистааст дар шароити таҳрим ин теъдод силоҳи пешрафтаро тавлид кунад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома бо ишора ба роҳпаймоиву тазоҳуроти миллатҳо дар ҳимоят аз фаластиниҳо ва барафроштани парчамҳои Фаластин ва Ҳизбуллоҳ дар хиёбонҳои Аврупову Амрико, муттаҳам кардани Ҷумҳурии исломии Эрон ба ҳимоят аз терроризм ба баҳонаи ҳимоят аз мазлумони Ғаззаро муҷиби расвоии иттиҳомзанандагон хонданду афзуданд: Акнун на танҳо миллати Эрон, балки ҳамаи миллатҳо аз Фаластин ҳимоят мекунанд.

 

Барчасп