Апрел 25, 2024 12:38 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши варзишкорони Эрон дар мусобиқоти вушуви интихобии ҷоми ҷаҳонӣ
    Дурахшиши варзишкорони Эрон дар мусобиқоти вушуви интихобии ҷоми ҷаҳонӣ

Миллипушони вушуви Эрон дар рузи нахусти мусобиқоти интихобии ҷоми ҷаҳонӣ 10 медоли рангорангро касб карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо рақобатҳои интихобии ҷоми ҷаҳонии вушуви 2024 бо ҳузур беш аз 300 варзишкор аз 38 кишвари ҷаҳон ба мизбонии шаҳри Ҷойнги Иӣн дар кишвари Чин оғоз шуд ва миллипушони Эрон баробари ҳарифони худ қарор гирифтанд ва дар рузи нахуст муваффақ ба касби шаш тилло, як нуқра ва се биринҷ шуданд .

Мустафои Ҳасанзода дар фурмен ненгу, Сидиқаи Дарёӣ дар вазни 65 - килограм, Шаҳрбонуи Мансурён дар вазни 75 - килограм , Муаъин Тақави дар вазни 90 килограм , Заҳрои Киёнӣ дар фурми чонг чуону ҳелёи асадён дар фурм нан гуӣн ба медоли тиллои расиданд .

Шоҳин Бантолибӣ дар фурмен нангуин нуқра гирифт ва Заҳрои Ҷалилии 2 бириҷ дар фурмҳои чонг чуону гавани шуу Ҳелё Асадёни як биринҷ дар Нончуон касб карданд .

Имруз низ пайкорҳои толу пайгирӣ мешавад ва ҳар шаш намояндаи Эрон бо ҳарифон дар фурмҳои мухталиф рақобат хоҳанд кард .

Дар бахши сондо низ Муҳсини Муҳамади Сайфӣ, Алии Хуршедӣ, Суҳайли Мусавӣ, Муҳаммадризои Регӣ ба масофи ҳарифон мераванд.