Апрел 26, 2024 16:22 Asia/Dushanbe
  • Рақобатҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳонии Вушу - 2024
    Рақобатҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳонии Вушу - 2024

Миллипӯшони вушуи Эрон бо касби 20 медал дар рақобатҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳонии Чин қаҳрамон шуданд.

Рақобатҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳонии Вушу - 2024 аз дирӯз (чаҳоршанбе) бо ҳузури беш аз 300 ширкаткунанда аз 38 кишвари ҷаҳон, ба мизбонии Чин оғоз шуд ва имрӯз бо қаҳрамонии тими миллии Эрон ба поён расид.

Ба гузориши Хабаргузории донишҷӯёни Эрон (Исна), вушукорони Эрон, ки дар рӯзи нахуст ба 6 тилло, як нуқра ва 3 бронз расида буданд, дар рӯзи дувум низ бо касби 7 тилло ва 4 нуқра унвони қаҳрамониро аз они худ карданд.

Корвони 14 нафараи вушуи Эрон дар поёни мусобиқот муваффақ ба касби 13 тилло, 5 нуқра ва 3 бронз шуд ва бо касби бештарин медал нисбат ба соири кишварҳо, ба мақоми қаҳрамонӣ ва нахусти тимӣ ва маҷмӯъ даст ёфт.

Чин бо 7 тилло, 3 нуқра ва 3 бронз дувум шуд ва Узбакистон бо 3 тилло, 8 нуқра ва 6 бронз дар радаи сеюм истод.

 

Барчасп