Апрел 27, 2024 16:48 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои дуҷониба ; меҳвари гуфтугӯи вазирони дифои Эрону Қазоқистон
    Густариши ҳамкориҳои дуҷониба ; меҳвари гуфтугӯи вазирони дифои Эрону Қазоқистон

Вазирони дифои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Қазоқистон бар густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи дифоӣ таъкид карданд .

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо ; дар ҷараёни дидори вазирони дифои Эрон ва Қазоқистон ки барои нахустин бор пас аз 30 сол дар ҳошияи Иҷлоси вазирони дифои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Остона , Қазоқистон анҷом шуд , тарафайн бар афзоиши зарфиятҳо ва омодагиҳои ду кишвар барои тавсеаи ҳамкориҳои дифоӣ , таъкид карданд .

Амири Сартип « Муҳамадризо Қароии Оштиёнӣ » вазири дифои Эрон дар ин дидор бо ёдоварии бархе абъоди ҳамкориҳои дифои феълии ду кишвар дар заминаҳои омӯзишӣ ва тиби низомӣ , хостори густариши ин ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Қазоқистон шуд .

Вазири дифои Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин , дар ин дидор гуфт : Эрони омодаи густариши ҳамкориҳои ду ҷонибаи дифоӣ бо Қазоқистон аст .

Вазири дифои Қазоқистон ҳам нахустин ҳузури вазири дифои Эрон дар Иҷлоси вазирони дифои Шанхай пас аз узвияти комили Ҷумҳурии Исломии Эронро табрик гуфт ва иброз умедворӣ кард ки ҳузури Эрон дар ин Созмони мӯҷиби тақвият ва пешбурди барномаҳо ва маъмуриятҳои Созмони Ҳамкории Шанхай шавад .

Барчасп