Апрел 27, 2024 17:43 Asia/Dushanbe

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маросими ифтитоҳияи Шашумин намоишгоҳи тавонмандиҳои содиротии Эрон ( Эрони Эксао2024 ) гуфт : Ин намоишгоҳ нишондиҳанда он аст ки Эрон таҳрим нопазир аст ва тавонои навоварӣ дар арсаҳои мухталифро дорад .

Ба гузориши хабаргузори Эрон Пресс ; « Сайид Иброҳими Раисӣ » раиси Ҷумҳурии Исломии Эрони имрӯз ( шанбе ) дар маросими ифтитоҳияи Шашумин намоишгоҳи тавонмандиҳои содиротии Эрон ( Экспо2024 ) бо баёни ин ки ин намоишгоҳ фазои рақобати ва як куниши ҷамъӣ эҷод мекунад то барои рифоҳи иҷтимоӣ аз масири тавсеаи тиҷорат , содироту густариши таъомулоти иқтисодӣ амал шавад , гуфт : Ин намоишгоҳ мӯҷиби иртиқои иқтисодӣ дар кишвар , минтақа ва барои ҳама ҷаҳон аст .

Раисӣ афзӯд : Ин намоишгоҳи гӯшае аз дастовардҳои ҷавонони Эрониро нишон медиҳад ки таҳдиду таҳримро ба фурсат табдил кардаанд .

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин ёдовар шуд ки агар оҳоди башар ба далели зиёдахоҳӣ ва  султаталабӣ иқдомоте барои маҳрӯмияти кишварҳо аз манобе ваа зарфиятҳо анҷом ндиҳанд ва ба табиат , ҷаҳон ва башарият зулм накунанд , имконот дар ихтиёри ҳама қарор дорад ва метавон ниёзи башарро бартараф кард .

Шашумин намоишгоҳи тавонмандиҳои содиротии Ҷумҳурии Исломӣ ( Экспо 2024 ) аз шанбе то чаҳоршанбе ( 27 апрел то якуми май ) бо ҳузури ду ҳазор тоҷиру бозаргон аз 119 кишвари ҷаҳон ба ҳамроҳи 800 ширкати бартари содиротии дохилӣ дар маҳали намоишгоҳи байналмилалии Теҳрон мизбони алоқамандон хоҳад буд .

Барчасп