Апрел 28, 2024 18:19 Asia/Dushanbe
  • Эрон қаҳрамони футзали Осиё-2024
    Эрон қаҳрамони футзали Осиё-2024

Тими миллии футзали Эрон бо пирӯзӣ баробари Таиланд барои сездаҳумин бор қаҳрамони футзали Осиё шуд.

Ба гузориши Хабаргузории донишҷӯёни Эрон (Исна), тими миллии футзали Эрон дар дидори поёнии Ҷоми миллатҳои футзали Осиё ба масофи Таиланд - мизбони рақобатҳо рафт ва тавонист бо бартарии чаҳор бар як, барои сездаҳумин бор қаҳрамони Ҷоми миллатҳои футзали Осиё дар соли 2024 шавад.

Тими миллии футзали Эрон бо 13 қаҳрамонӣ, 2 ноибқаҳрамонӣ ва 2 мақоми сеюм, пурифтихортарин тими рақобатҳои Ҷоми миллатҳои футзали Осиё аст.

Таиланд низ бо ин шикаст, ба сеюмин ноибқаҳрамонии худ расид ва ҳамчунон дар ҳасрати қаҳрамонии Осиё боқӣ монд.

 

Барчасп