Апрел 28, 2024 19:56 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии тими футболи духтарони Эрон дар КАФА
    Қаҳрамонии тими футболи духтарони Эрон дар КАФА

Тими миллии футболи духтарони ҷавони Эрон дар охирин дидор дар рақобатҳои Осиёи Марказӣ, мавсум ба КАФА ба масофи Қирғизистон рафт ва ба тасовии як бар як даст пайдо кард.

Бо ин натиҷа Эрон ҷойгоҳашро дар садри ҷадвали радабандии ин мусобиқот ҳифз кард ва бо 10 имтиёз қаҳрамон шуд.

Тими миллии футболи духтарони Эрон дар ин мусобиқот муқобили тимҳои Узбакистон, Туркманистон ва Тоҷикистон ба пирӯзӣ расид ва баробари Қирғизистон ба тасовӣ даст пайдо кард ва ба ин тартиб қаҳрамон шуд.

 

Барчасп