Рузи миллии Халиҷи Форс
Имруз душанбе 10 урдибиҳишти соли 1403 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо 29 апрели соли 2024 мелодӣ солрузи ихроҷи истеъморгарони Партугаля аз обҳои ҷануби Эрон дар соли 1622 милодӣ ба унвони рузи миллии халиҷи Форс номгузорӣ шуда аст.
Халиҷи Форс ба унвони як шоҳроҳи муҳими дарёӣ, ҳамвора мавқеъияти мумтози сиёсӣ дошта ва имруза ба унвони муҳимтарин оброҳи байналмилалии ҷаҳон шинохта мешавад .
Халиҷи Форс ҳамеша ба унвони маъбари мубодилаи коло ва тиҷорати шарқу ғарб, арсаи рақобат ва кашмакашҳои қудратҳои минтақае ва байналмилалӣ буда аст .
Бархе аз кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс дар солҳои ахир бо таҳрики истеъмори ғарб ба дунболи таҳрифи номи халиҷ Форс ҳастанд ин дар ҳоле аст ки номи халиҷи Форс аз гузаштаҳои давр ба ҳамин унвон буд .
Халиҷи Форс натанҳо дар ғарби Осиё ва қорраи Осиё балки дар ҷаҳон аз аҳамияти вижае бархурдор аст ва пайванд чандҳазор сола бо тамаддун эронӣ дорад ба ҳамин муносибат ин оброҳа ҳамвора мавриди тавваҷуҳи қудратҳои сиёсӣ низомӣ ва иқтисодӣ , замини шиносон , бостони шиносон , таърихнигорон ва ҷуғрофидонон будааст .
Халиҷи Форси дарёии нима баста дар миёни Эрон ва шабҳи ҷазира Арабистон аст ки аз тариқи Тангаи Ҳурмуз ба дарёии Уммон ва аз онҷо ба уқёнуси Ҳинд роҳ меёбад .
Ин паҳнаи обӣ дар ҷануб ва ҷануби ғарбии Эрон ва дар ҳамсоягии устонҳои Хузистон, Бушиҳр ва бахше аз устони Ҳурмузгони Эрони воқеъ шудааст ва бо ҳафт кишвари Иморот , Баҳрайн , Ироқ , Арабистони Саъудӣ, Уммон , Қатар ва Кувайт , бо тули соҳили мутафовит дорои марз муштарак аст .