Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Ғазза масъалаи аввали ҷаҳон аст
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ Ғаззаро масъалаи аввали ҷаҳон донистанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-раҳбари муаззами инқилоби исломӣ субҳи имрӯз (чаҳоршанбе) ҳамзамон бо солрузи шаҳодати устоди шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ ва рӯзи Муаллим, дар дидори ҳазорон нафар аз муаллимон ва фарҳангиён дар Эрон гуфтанд , бо вуҷуди талошҳои зиёди саҳюнистҳо ва пуштибонони амрикоӣ ва аврупоии онҳо масъалаи Ғазза ҳамчунон масъалаи аввали дунё аст, ки эътирозҳо ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар донишгоҳҳои Амрико ва густариши он ба донишгоҳҳои Аврупо аз нишонаҳои истимрор(идома)и авлавият ва ҳассосияти афкори умумии ҷаҳон ба масъалаи Ғазза аст.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд, ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва ҳамдастии Амрико бо ӯ, ҳаққонияти мавозеъи низом ва миллати Эронро дар радди режими ишғолгар ва бадбинӣ ба Амрико исбот кард ва ҳама бидонанд ҳеҷ роҳи ҳалле барои ҳалли масъалаи Фаластин ҷуз бозгашти ин сарзамин ба соҳибони мусулмон, яҳудӣ ва масеҳии он вуҷуд надорад ва равобит бо режими саҳюнистӣ ва одисозӣ, мушкилеро ҳал нахоҳад кард.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: То вақте Фаластин ба соҳибони худ бознагардад мушкили ғарби Осиё ҳал нахоҳад шуд ва ҳатто агар бист, сӣ соли дигар ҳам талош кунанд, ки режими саҳюнистиро сари по нигаҳ доранд -, ки иншоаллоҳ наметавонанд- ин масъала, ҳалшуданӣ нахоҳад буд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманайӣ афзуданд: Фаластин бояд ба мардум он бозгардад ва пас аз ташкили низоми фаластинӣ, худашон тасмим бигиранд, ки бо саҳюнистҳо чӣ кунанд.
Ишон афзоиши рӯзафзуни фишори афкори умумӣ бар рӯйи режими ишғолгарро зарурӣ хонданд ва гуфтанд : Рафтори ваҳшиёна ва берҳмонаи саги ҳор(девона)и саҳюнистӣ боиси исботи ҳаққонияти мавзеъи Ҷумҳурии исломӣ ва миллати Эрон шуд ва куштори сию чанд ҳазор нафар, ки ниме аз онҳо занон ва кӯдакон ҳастанд зоти шарир ва хабиси режими саҳюнистӣ ва ҳаққонияти мавзеъи ҳамешагии Эронро ба ҳама дунё нишон дод.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рафтори Амрико ва дастгоҳҳои муртабит бо онҳоро дар қиболи «эътирози бидуни хушунат ва тахриб»и донишҷуёни мӯътариз ба ҷиноёти Исроил, далели дигаре бар исботи мавзеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бадбинӣ ба давлати Амрико донистанд ва хотирнишон карданд , ин мавзӯъ ба ҳама нишон дод, ки Амрико шарики ҷурм ва ҳамдасти саҳюнистҳо дар гуноҳи нобахшудании куштори мардуми Ғазза аст ва бархе ҳарфҳои ба зоҳир дилсӯзонаи онҳо ҳам дурӯғ аст; Бинобарин мавзеъи Ҷумҳури исломӣ, ки наметавон ба давлати Амрико хушбин буд ва ба он эътимод кард, исбот шуд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба таҳаррукот барои оддисозии равобити режими саҳюнистӣ ва кишварҳои минтақа, гуфтанд: Баъзеҳо хаёл мекунанд бо ин корҳо масъала ҳал хоҳад шуд; дар ҳоле, ки бо фарзи оддӣ шудани равобити режими саҳюнистӣ бо кишварҳои арабии атроф, натанҳо мушкил ҳал намешавад, балки мушкил мутаваҷҷеҳи давлатҳое хоҳад шуд, ки бо чашм бастан бар ҷиноёти режими ишғолгар бо он дасти дӯстӣ додаанд ва миллатҳо ба ҷони худи он давлатҳо хоҳанд афтод.