Азми Теҳрон ва Исломобод барои тавсеаи равобити тиҷорӣ
Раиси Созмони миллии стандарти Эрон дар дидор бо намояндагони стандарти Покистон бар тавсеаи равобити тиҷорӣ байни ду кишвар таъкид кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Маҳдии Исломпаноҳ дар ин дидор дар ҳошияи нишасти Муассисаи стандарт ва андозашиносии кишварҳои исломӣ ( Исмик ), ки дар Истамбули Туркия дар ҳоли баргузорӣ аст бо ишора ба имзои мувофиқатномаи шиносоии мутақобил дар ҳавзаи стандарт ва арзёбии интибоқи байни ду созмон, ки севуми урдибиҳишти ҷорӣ ба имзо расидааст, таъкид кард: Лозим аст барномаи иҷроӣ барои амалиёти шудани тафоҳумот дар аввалин фурсат танзим ва имзо шавад.
Раиси Созмони миллии стандарти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба иродаи раисони ҷумҳур ва масъулони ду кишвар барои густариши ҳамкориҳо ва афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ, гуфт: Дар минтақа сирфан ду ҷумҳурии исломӣ вуҷуд дорад ва он ҳам Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон аст ва ин амр масъулияти моро дар бародарии динӣ ва мушорикати ҷиддитар дар ҳамкориҳои дуҷониба бештар мекунад.
Намояндагони Покистон, ки дар нишасти ҳайати мудираи Исмик ҳузур доштанд, зимни таъкид бар афзоиши ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои мухталифи стандартсозӣ ва пазириши мутақобили стандартҳои якдигар имзои барномаи иҷроииро иқдоми фаврӣ ва зарурӣ қаламдод карданд.
Ҳайати эронӣ, ки ба сарпарастии Исломпаноҳ дар ин рӯйдод ширкат дорад, илова бар ҳайати Покистони бо дигар ҳайатҳои ширкаткунанда дидорҳои ҷудогонаеро бо ҳадафи густариши ҳамкориҳо ва афзоиши сатҳи фаннии ду тараф баргузор ва дар ин хусус музокира кард.