Таҳаввулоти минтақаӣ ва равобити дуҷониба, меҳвари гуфтугӯи вазирони хориҷаи Эрону Эстония
Вазирони умури хориҷаи Эрону Эстония дар гуфтугӯи телефонӣ дар бораи муҳимтарин мавзӯоти минтақаӣ ва дуҷониба, аз ҷумла зарурати таваққуфи фаврии ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза ройзанӣ карданд.
Ба гузориши Идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷаи Эрон, дар гуфтугӯи телефонии рӯзи панҷшанбеи вазири умури хориҷаи Эстония бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон, тарафайн бо ишора ба вуҷуди фурсатҳову зарфиятҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар, бар омодагии мутақобил барои тавсеаи беш аз пеши муносибот таъкид карданд.
Вазири умури хориҷаи Эрон дар идома бо маҳкум кардани ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза гуфт, ҳамаи кишварҳо бояд барои барқарории оташбаси пойдор, рафъи комили муҳосираи инсонӣ, табодули асирон ва ҷилавгирӣ аз вуқӯи ҷиноёти бештари режими Исроил дар ин минтақа талош кунанд.
Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар посух ба дархости тарафи эстонӣ дар хусуси киштии тавқифшуда дар обҳои сарзаминии Ҷумҳурии исломии Эрон ва озодии хадамаи эстонӣ афзуд: Киштии тавқифшуда, ки дар обҳои сарзаминии Эрон радари худро хомӯш кардаву амнияти дарёнавардиро ба хатар андохта, дар тавқифи қазоӣ қарор дорад, аммо Эрон ҳамаи хадамаи онро бо нигоҳи инсонӣ озод кардааст ва дар сурати ҳамроҳии капитани киштӣ, имкони бозгашти онҳо ба кишварашон ва аз ҷумла Эстония фароҳам аст.
Раиси дастгоҳи сиёсати хориҷии Эрон таъкид кард, риояти қавонину муқаррароти дарёӣ аз сӯи тамомии киштиҳо дар ростои ҳифзи амнияти дарёнавардӣ амре зарурӣ ва ғайриқобили иҷтиноб аст.
Вазири хориҷаи Эстония низ зимни боаҳамият донистани равобити ин кишвар бо Ҷумҳурии исломии Эрон, ибрози умедворӣ кард, ки муносиботи фимобайн беш аз пеш густариш ёбад.
Вазири умури хориҷаи Эстония ҳамчунин бо ишора ба буҳронҳои минтақаӣ, ҳамкории ҳамаи кишварҳо барои таваққуфи ҷанг дар борикаи Ғаззаро хостор шуд ва аз нигоҳи инсонии Ҷумҳурии исломии Эрон барои озодии хадамаи киштии тавқифшуда қадрдонӣ кард.