Май 04, 2024 14:24 Asia/Dushanbe
  • Дастгирии омилони пуштибони гурӯҳаки Ҷайшулзулм дар ҷанубу шарқи Эрон

Қароргоҳи Қудси ҷанубу шарқи неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ эълом кард, чанд нафар аз омилҳои таъмин ва пуштибоникунандаи амалиётҳои террористии ахири Систону Балучистон (ҷанубу шарқи Эрон) дастгир шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Эрон Пррес, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар иттилоияе эълом кард: Бомдоди имрӯз (шанбе) размандагони қароргоҳи Қудс дар як амалиёти муштараки иттилоотӣ ва амалиётӣ бо идораи кулли иттилооти Систону Балучистон чанд нафар аз омилҳои таъмин ва пуштибоникунанда, ки нақши меҳварӣ дар 2 амалиёти гурӯҳаки террористии Ҷайшулзулм дар таърихҳои 24 озари 1402 дар Ситоди интизомӣ ва 16 фарвардини соли ҷорӣ дар сипоҳи шаҳристони Роскро дошта ва дар мадрасаи динии Анворулҳарамайни рустои Пшомаг дар ин шаҳристон махфӣ шуда будандро бо ҳамкории мардуми шарифи минтақа шиносоӣ ва дастгир карданд.

 

Барчасп