Тафсир. Омодагии Вазорати кишвари Эрон барои баргузории даври дувуми интихоботи маҷлис
Вазири кишвари Эрон аз омодагии ин ниҳод барои баргузории даври дувуми интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломӣ дар рӯзи ҷумъаи 21 урдибиҳишт (10 май) хабар дод.
Аҳмади Ваҳидӣ, вазири кишвар бо таъйиди омодагиҳо барои баргузории марҳалаи дувуми дувоздаҳумин давраи интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломӣ дар рӯзи ҷумъаи 21 урдибиҳишт (10 май) гуфт, ки барои нахустин бор дар 8 ҳавзаи интихобия (Теҳрон, Табрез, Ободон, Шероз, Кирмоншоҳ, Хуррамобод, Қоимшаҳр ва Малойир) интихобот ба сурати комилан электронӣ баргузор мешавад.
Даври дувуми интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломӣ дар 15 устони кишвар баргузор мешавад ва ба ҳамин манзур дар 22 ҳавзаи интихобия 11 ҳазору 500 шуъбаи ахзи раъй дар назар гирифта шудааст.
Дар ҳамин иртибот фаъолиятҳои таблиғотии номзадҳои воҷиди шароит аз рӯзи панҷшанбеи 13 урдибиҳишт (2 май) оғоз шуда ва то як ҳафта (як рӯз) пеш аз баргузории интихобот идома хоҳад дошт.
Дар марҳалаи аввали интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломӣ дар ҳавзаи интихобияи Теҳрон рақобат миёни 3 ҳазору 372 нафар буд, ки аз ин теъдод 14 нафар ба маҷлис роҳ ёфтанд ва 16 нафари дигар ҷумъаи оянда ва дар даври дувуми интихобот ба Маҷлиси Шӯрои исломӣ роҳ хоҳанд ёфт. Дувоздаҳумин давраи интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва шашумин давраи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ бо истиқболи ақшори мухталифи мардуми Эрон рӯзи ҷумъа (аввали март) ба таври ҳамзамон дар саросари Эрон баргузор шуда буд.
Маҷлиси Шӯрои Исломӣ дорои 290 узв аст ва теъдоди намояндагони ҳар устон, баста ба ҷамъияти устон мутафовит аст. Тибқи асли 62 қонуни асосӣ, намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломӣ пас аз эҳрози салоҳият ба таври мустақим аз сӯи мардум интихоб мешаванду давраи намояндагии онҳо чаҳор сол аст.
Миёни Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ба далели қонунгузорӣ ва назорат бар амалкарди авомили иҷроӣ, ки бо раъйи эътимод, салоҳияти ононро барои тасаддии анвои постҳои иҷроӣ таъйид мекунанд, нақши муҳиму барҷастае дар сохтори низоми Ҷумҳурии исломии Эрон дорад.