Эрон ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Рафаҳро маҳкум кард
Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон, ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба шаҳри Рафаҳ, ҷануби борикаи Ғаззаро шадидан маҳкум кард.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Носири Канъонии Чофӣ сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо маҳкумияти шадиди ҳамлаи режими ишғолгари саҳюнистӣ ба шаҳри Рафаҳ таъкид кард , калиди оромиш ва амният дар минтақа таваққуфи фаврӣ ва беқайдушарти ҷанги режими ҷаълии саҳюнистии зидди мардуми мазлуми Фаластин дар борикаи Ғазза ва карона бохтари аст ва ҳамаи бозигарони байналмилалӣ бояд режими ишғолгари саҳюнистиро бо ин ҳадаф таҳти фишор қарор диҳанд .
Режими ғосиби саҳюнистӣ аз бомдоди имруз сешанбе ба таври пайваста дар ҳоли бомбаборони манотиқи шарқии шаҳри Рафаҳ дар ҷануби борика Ғазза аст .
Дар ин ҳамалоти ҷунуномез то ин лаҳзаи даҳҳо нафар шаҳид ва маҷруҳ шуданд.
Дар миёни шуҳадои теъдоди зану кудак ҳам дида мешавад.