Май 09, 2024 10:03 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ , маҷомеъи ҷаҳониро ба ёрии миллати мазлӯми Ғазза фарохонд
    Раисӣ , маҷомеъи ҷаҳониро ба ёрии миллати мазлӯми Ғазза фарохонд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бори дигар маҷомеъи ҷаҳонӣ ва ҳамаи виҷдонҳои бедори башариро барои фароҳам кардани заминаҳои ирсоли кумакҳои башардӯстона ва коҳиши дардҳои мардуми борикаи Ғазза , фарохонд

Режими саҳюнистӣ ки ҳамалот ба минтақаи борикаи Ғаззаро аз ҳафтуми актбрсоли 2023 оғоз кардааст ва ҳамчунон идома дорад аз вуруди кумакҳои инсондӯстона ба ин минтақа ҷилавгирӣ мекунад .

Дар ин ҳамалот токунӯн беш аз 34 ҳазору 800 фаластинӣ шаҳид ва беш аз 78 ҳазору 400 нафари дигар низ захмӣ шуданд .

Дар ҳамин росто ва ба гузориши Ирно ; « Сайид Иброҳими Раисӣ » раиси Ҷумҳурии Исломии Эрони имрӯз ( чаҳоршанбе ) дар паёмӣ ба муносибати рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар бо ишора ба коршикании режими саҳюнистӣ дар имдоди расонӣ ва ироаи хадамоти аввалияи беҳдоштӣ ва дармонӣ ба мардуми мазлӯми Ғазза , гуфт : Имсол рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро дар ҳоле гиромӣ медорем ки мардуми Ғазза ба об , ғизо , дорӯ  ва имконоти аввалияи дармонӣ ва беҳдоштии дастрасӣ надоранд ва дар сахттарин шароит зиндагӣ мекунанд .

Раисӣ афзӯд : Имдодрасонӣ ва ироаи хадамоти лозим ба фаластиниёни борикаи Ғазза бо вуҷӯди эъломи омодагии ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон ба унвони узвӣ аз ин хонаводаи бузург ва соири кишварҳои ҷаҳон , бо коршикании режими саҳюнистӣ мувоҷеҳ шуда ва ҳатто аъзои ин ҷамъият ҳам аз таҳоҷуми бераҳмонаи ин режим дар амон набӯда ки мояи бисёр таъассуфаст .