гузориш: Оғози ҷашнҳои даҳаи Каромат дар Эрон
(last modified Sat, 11 May 2024 05:07:19 GMT )
Май 11, 2024 10:07 Asia/Dushanbe

Ҷашнҳои даҳаи Каромат дар остонаи мелоди ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) аз рӯзи ҷумъа оғоз шуд.

 Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, ба гуфтаи раиси Ситоди марказии даҳаи Каромат, имсол тамаркузи вежа рӯйи мафҳуми хонавода, монанди мафҳуми хоҳарӣ ва бародарӣ шуда ва қарор аст беш аз 120 ҳазор унвон барнома дар кишвар дар ин даҳа иҷро шавад. Аз ҷумлаи барномаҳои ин айём, ҷашнвораи Қуръонии Имом Ризо (а) бо меҳварияти хониши Қуръони карим, китобати мардумии Қуръони карим, номнависии наҳзати миллии омӯзиши Қуръони карим, ҳифзи сураҳои Қуръон, Наҳҷул-балоға ва аҳодиси разавӣ, наққошӣ ва хушнависӣ бо меҳварияти ҳадиси силсилатулзаҳаб, номаи ҳазрати Ризо ба ҳазрати Абдулазим ва баргузории мусобиқоти рӯзона ва низ дилнавишта ба Имом Ризо (а) аст.

 Дар Эрон, аз аввали зилқаъда, ки валодати ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) аст то 11 зилқаъда, ки солрузи мелоди Имоми Ризо (а) аст, даҳаи Каромат номида мешавад.