Май 11, 2024 17:56 Asia/Dushanbe
  • Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон: Сипоҳи посдорон парчамдори мубориза бо терраризм аст
    Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон: Сипоҳи посдорон парчамдори мубориза бо терраризм аст

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон тарҳи маҷлиси авоми Канада дар терраристии эълом кардани Сипоҳи посдоронро ҳаракатии нобахирадона , хасмона ва муғойир бо мавозин ва усули пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилал донисту гуфт: Сипоҳи посдорон парчамдори мубориза бо терраризм аст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Носири Канъонӣ сухангуи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрони имруз шанбе зимни маҳкум кардани тарҳи маҷлиси авоми Канада дар терраристи эълом кардани Сипоҳи посдорони инқилоб исломӣ гуфт: Ин иқдоми хасмона мудохила дар умури дохилӣ ва мисдоқи таъарруз ба ҳокимият ва амнияти миллӣ Эрон аст .

Канъонӣ афзуд: Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳамгом бо дигари органҳои неруҳои мусаллаҳи Эрон , масъулияти посдорӣ аз амнияти миллӣ ва марзҳои кишвар ва низ кумак ба амният ва суботи пойдор дар минтақа аз тариқи муқобила бо падедаи шуми терраризмро баръуҳда дорад .

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард ин ҳаракати ғайри масъулонаи Канада дар имтидоди масир иштибоҳи аст ки намояндагони порлумони ин кишвар дар беш аз як даҳаи ахири таҳти таъсии режими саҳюнистӣ ва дар ҳамнавоӣ бо бархе гуруҳакҳои матруд ва фоқиди ҷойгоҳ ва арзиш дар пеш гирифтаанд .

Канъонӣ бо баёни ин ки иқдоми таъсири дар қудрату иқтидори ин неру надорад , гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрони ҳуқуқи худро дар посух ва иқдоми муқтазӣ ва мутақобил дар қибол ингуна эъмоли муғойири ҳуқуқи байналмилал ва зидди миллат ва давлати Эрон барои худ маҳфуз медонад.