Канъонӣ: Режими саҳюнистӣ дар мунзавитарин шароити таърихи ҷаълии худ ба сар мебарад
Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон эълом кард, режими саҳюнистӣ дар мунзавитарин шароити таърихи ҷаълии худ ба сар мебарад.
Ба гузориши ИРНА, Носири Канъонӣ сухангуи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёми дар шабака экс навишт, ҳимоятҳои пайдо ва пинҳони мақомоти Амрико аз иқдомоти ҷинояткоронаи саҳюнистҳо дар Ғазза дар шароити аст ки иҷмоъи байналмилалӣ беш аз ҳар замони даигари дар ҳимоят аз мазлумияти мардуми Фаластини шакли гирифт ва яксадо нафрат аз иртикоби наслкушӣ , кучи иҷборӣ ишғолгарӣ ва кудак кушии саҳюнистҳоро фарёд мезананд .
Канъонӣ бо ишора ба ин ки мақомоти Амрико дар ҳимояти куркурона аз он ҳатто дар байни мардуми худ низ танҳо ҳастанд афзуд, рай қотеъи ахири ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар ҳимоят аз узвияти комили Фаластин дар Созмони Милали Муттаҳид, ба равшани гуёи инзивои байналмилалии режими саҳюнистӣ ва Амрико дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ аст.
Маҷмаъи умумии Созмони Милали дирузи ҷумъа пас аз солҳо коршикании Амрико ба пеш навис қатъномаи узвияти комили Фаластин дар ин ниҳод рай мусбат дод.