Эъломи омодагии Ҳилоли Аҳмари Эрон барои имдодрасонӣ ба манотиқи селзадаи Афғонистон
Май 12, 2024 17:13 Asia/Dushanbe
Муовини умури байналмилали ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон аз омодагии ин ниҳоди башардӯстона барои имдодрасонӣ ба мардуми селзадаи Афғонистон хабар дод.
Ба гузориши Ирна, боришҳои шадид дар рӯзҳои ахир муҷиби ҷорӣ шудани сел дар вилоятҳои Бағлон, Бадахшон, Ғӯр ва Ҳироти Афғонистон шуд.
Вуқуи сел, ба вижа дар вилояти Бағлон сабаби ҷон бохтани теъдоди зиёде аз мардуми ин кишвар ва низ тахриби манозили маскунӣ шудааст.
Кишварҳои Қатар, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Узбакистон ҳам бо хонаводаҳои осебдида аз селоби Афғонистон ибрози ҳамдардӣ карданд.
Бар асари ҷорӣ шудани сел дар Афғонистон, беш аз 200 нафар кушта шуда ва ҳазорон хона осеб дида ё вайрон шудаанд.