Канъонии Чофӣ : Ҳуқуқи башари амрикоӣ ва саҳюнистӣ ду рӯй як сиккаанд
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт , ҳуқуқи башари амрикоӣ ва саҳюнистӣ яке дар Нақаб , яке дар Гантономо ва Абуғариб , ду рӯй як сиккаанд
« Носир Канъонии Чофӣ » сухангӯии Вазорати умури хориҷа дар шабакаи иҷтимоӣ “ Экс “ навишт , натоиҷи таҳқиқоти анҷом шудаи тавассут “ CNN “ нишон медиҳад ки низомиёни саҳюнист дар як маркази боздошти асирони фаластиниро таҳти шиканҷа ва озору азият қарор медиҳанд .
Шабакаи хабарии “ CNN “ дар гузорише аз шароити боздоштгоҳҳои режими саҳюнистие ки асирони фаластинӣ дар онҷо нигаҳдорӣ мешаванд эълом кард ки зиндониён дар ин боздоштгоҳҳо шиканҷа мешаванд .Ин шабакаи хабарӣ аз қавли ду ифшокунанда исроилӣ ва як пизишки фаластинӣ ки дар зиндон буданд ҷузъиётӣ дар бораи шиканҷа ва сӯъиистифода аз зиндониён ба сӯрати физикӣ ва зарбу шатм мунташир кардааст .
Яке аз ифшокунандаҳо гуфт , “ зарбу шатм барои ҷамъоварӣ иттилооти анҷом нашуда барои интиқом бӯда , ин иқдомоти бобати муҷозоти амалиёти Тӯфон Алақсо аст . “Яке дигар аз манобеи исроилӣ аксҳоиро ки дар як боздоштгоҳ дар Sde Teiman дар 30 километрии марзи Ғазза гирифтааст , ба иштирок гузошт ки нишон медиҳад ҳудӯди 100 мард бо чашми банду либосҳои варзишии хокистарӣ дар муҳавватае киба шиддат равшан бӯда ва бо сими хордори маҳсӯр шудааст , ҳузур доранд .