Маҳбубияти Пажӯҳишгоҳи дармони ноборварии эронии «Рӯён» дар кишварҳои исломӣ
(last modified Tue, 14 May 2024 07:40:50 GMT )
Май 14, 2024 12:40 Asia/Dushanbe
  • Маҳбубияти Пажӯҳишгоҳи дармони ноборварии эронии «Рӯён» дар кишварҳои исломӣ

Рорс тудей- Бар асоси натоиҷи як мутолиаи ҷаҳонӣ, Пажӯҳишгоҳи Рӯён ҷузви 10 маркази бартари дармони ноборварии мардон дар ҷаҳон аст ва аз марказҳои асаргузор дар заминаи дармони ноборварӣ ба ҳисоб меояд.

Пажӯҳишгоҳи Рӯён, яке аз марказҳои фаъол дар заминаи дармонҳои ноборварӣ дар Эрон ва минтақа аст. Ин марказ тайи солҳои ахир дастовардҳои муҳимме дар бахши дармони ноборварӣ ва мавзӯъоти марбут ба бордорӣ ва фарзандоварӣ доштааст.

 Дар ин замина доктор Аҳмад Вусуқ, узви ҳайати илмии Пажӯҳишгоҳи Рӯён бархе вежагиҳо ва дастовардҳои ин марказро дар заминаҳои дармонҳои ноборварӣ ва назоратҳои модару кӯдак ташреҳ кард, ки хулосае аз онро дар инҷо овардаем.

Худкифоии Эрон дар дармонҳои ноборварӣ

 Эрон дар заминаи дармони ноборварӣ ба худкифоӣ расидааст ва аз манзари иқдомоти анҷомшуда бо марказҳои матраҳи дунё тафовуте надорад, дар воқеъ бо иқдомоти суратгирифта сифати хадамоти дармонии Пажӯҳишгоҳи Рӯён ба шакле афзоиш ёфтааст, ки бо тамоми марказҳои муътабари дармони ноборварии кишварҳои аврупоӣ, Иёлоти муттаҳида ва Австралия баробарӣ мекунад.

Рӯён ҷузви 10 маркази бартари дармони ноборварии мардон дар дунё

 Бар асоси натоиҷи як мутолиаи ҷаҳонӣ, Пажӯҳишгоҳи Рӯён ҷузви 10 маркази бартари дармони ноборварии мардон дар ҷаҳон аст ва аз марказҳои асаргузор дар заминаи дармони ноборварӣ ба ҳисоб меояд.

Рутбаи бисёр боло дар ахлоқи пизишкӣ ва истиқболи завҷҳои мусулмон

 Шаҳрвандони бисёре аз кишварҳо бо ҳадафи дармони ноборварӣ ба Пажӯҳишгоҳи Рӯён муроҷиа мекунанд, зеро завҷҳои ғайриэронӣ бо истинод ба мутолиоти худ ба ин натиҷа расидаанд, ки Пажӯҳишгоҳи Рӯён аз манзари ҷаҳонӣ дар ҷойгоҳи болое қарор дорад. Бисёре аз завҷҳои ғайриэронӣ ба далели инки Пажӯҳишгоҳи Рӯён ба масоили ҳавзаи «ахлоқи пизишкӣ» эътиқод дорад, ба он муроҷиа мекунанд. Ҳамчунин бисёре аз завҷҳои мусулмон бо донистани инки дар ин марказ дармонҳо бо риояти меъёрҳои шаръӣ сурат мегирад, ин маркази таҳқиқотӣ- дармониро интихоб мекунанд.

Маркази таҳқиқотӣ-дармонии Рӯён

Худкифоӣ, дастоварди таҳрими Эрон

 Агарчи таҳримҳо барои муассисаи Рӯён гоҳ таҳдид буд, аммо ин пажӯҳишкда онро табдил ба фурсат кардааст.

Доктор Вусуқ мегӯяд: Мо барои таъмини мавод масрафӣ, муҳитҳои кишт ва дастгоҳҳое, ки барои дармони ноборварӣ корбурд доранд бо мушкил мувоҷеҳ шудем, аммо тавонистем таҷҳизоти мавриди ниёзро таъмин кунем.Муҳаққиқони пажӯҳишкада бо кори мудовим тавонистаанд ба стандартҳое дар заминаи таҷҳизот даст ёбанд. Акнун бархе таҷҳизоти дармони ноборварӣ монанд «контери интиқол ҷанин», «ни фрез» ва «сӯзани понкчер» ва ғайраро тавлид кардаем ва истифода мекунем. Бо вуҷуди таҳрими доруӣ низ бо доруҳои дар дастрас тавонистаем ноборвариро дармон кунем ва бо дигар марказҳои дармонӣ дар дунё ба рақобат бипардозем.

Гоми бузурги «Рӯён» дар бакоргирии селлул(ҳуҷайра)ҳои бунёдӣ дар дармони ноборварӣ

Корбурдӣ кардани дониши селлулҳои бунёдӣ дар дармони бемориҳо як мавзӯъи нав аст, ки Пажӯҳишгоҳи Рӯён ба он таваҷҷуҳ кардааст. Пажӯҳишгоҳи Рӯён дар иртибот бо селлулҳои бунёдӣ ва «тибби бозсохти» бар дармони ноборварӣ қадамҳои бузурге бардошта ва иқдомоти анҷомшуда дар заминаи мутолиоти болинӣ қарор дорад.

Истифода аз селлулҳои бунёдӣ барои дармони ёисагии зудрас ва эҳёи дубораи бордорӣ

Истифода аз селлулҳои бунёдӣ барои дармони ёисагии зудрас ва эҳёи дубораи бордорӣ аз дигар дастовардҳои Рӯён дар заминаи дармони ноборварӣ ба ҳисоб меояд.

 Пешрафтҳои нав дар дармони ноборварии мардон ва занон

 Дар Пажӯҳишгоҳи Рӯён мутолиоти пажӯҳишӣ дар бораи дармони бемориҳои ноборварии мардон ба василаи селлулҳои бунёдӣ оғоз шуда ва дар мароҳили таҳқиқотӣ қарор дорад. Ҳамчунин дармони бемориҳои ноборварии занон ба василаи селлулҳои бунёдӣ тавонистааст навбатҳои як ва дуро бо муваффақият сипарӣ кунад ва вориди навбати севум яъне «баррасии асарбахши» қарор дорад.

Таваҷҷуҳ ба афзоиши тавони илмӣ ва пажӯҳишӣ

Пажӯҳишгоҳи Рӯён ба мавзӯъи афзоиши тавоноии илми таваҷҷуҳи вежае дорад.Ин пажӯҳишгоҳ чӣ дар арсаи улуми поя ва чӣ улуми болинӣ аз тавоноии лозим бархурдор ҳаст ва ҳамчунон таҳқиқоти илмии корбурдиро думбол мекунад.