Эрон болотар аз Туркия ва Арабистон дар рутбабандии донишгоҳи Лейден / ҷойгоҳи аввал дар байни кишварҳои исломӣ
(last modified 2024-07-09T05:13:18+00:00 )
Июл 09, 2024 10:13 Asia/Dushanbe
  • Эрон болотар аз Туркия ва Арабистон дар рутбабандии донишгоҳи Лейден / ҷойгоҳи аввал дар байни кишварҳои исломӣ

Порс тудей-Бар асоси рутбабандии донишгоҳҳои бартари дунё дар соли 2024 мелодӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар садри кишварҳои исломӣ қарор гирифт.

Донишгоҳҳои Эрон ба лиҳози сифати омӯзишӣ, теъдоди мақолаҳои чопшуда дар журналҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҳамвора дар низомҳои рутбабандии мухталифи ҷаҳонӣ, рутбаҳои қобили таваҷҷуҳе ба даст овардаанд.

  Ба гузориши Порс тудей, Сайид Аҳмад Фозилзода-раиси Муассисаи истинодӣ ва поиши илм ва фановарии ҷаҳони Ислом (isc)гуфт: Низоми рутбабандии Лейден(leiden), натиҷаҳои рутбабандии донишгоҳҳои бартари дунё дар соли 2024 мелодиро мунташир кард, ки бар ин асос Ҷумҳурии Исломии Эрон дар садри кишварҳои исломӣ қарор дорад.

 Фозилзода гуфт: 164 донишгоҳ аз кишварҳои исломӣ дар  ин рутбабандӣ ҳузур доранд, ки ин теъдод дар соли гузашта 145 донишгоҳ буда ва дар ин миён Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳузури 46 донишгоҳ дар ин низоми рутбабандӣ, рутбаи нахустро дар ихтиёр дорад.

 Вай афзуд: Пас аз Эрон, Туркия ва Арабистони саудӣ ба тартиб бо 40 ва 16 донишгоҳ дар рутбаҳои дувум ва севум қарор доранд.

 Фозилзода бо баёни инки 1 506 донишгоҳи ҷаҳон дар охирин рутбабандии Лейден ҷой гирифтаанд, идома дод: Шумори донишгоҳҳои эронии роҳёфта ба ин рутбабандӣ нисбат ба соли гузашта собит аст.

 Раиси Муассисаи истинодӣ ва поиши илм ва фановарии ҷаҳони Ислом унвон кард: Донишгоҳи Теҳрон, улуми пизишкии Теҳрон, тарбияти мударрис, илм ва санъати Эрон, санъатии Амир Кабир, улуми пизишкии шаҳид Биҳиштӣ, санъатии Шариф, донишгоҳи Табрез, Фирдавсии Машҳад ва донишгоҳи Шероз, 10 донишгоҳи нахусти Эрон дар ин рутбабандии ҷаҳонӣ ҳастанд.

 

Барчасп