Пизишкиён-раисҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон нигоҳе ба собиқа ва корномаи раисҷумҳури нави Эрон
(last modified 2024-07-06T08:34:17+00:00 )
Июл 06, 2024 13:34 Asia/Dushanbe
  • Пизишкиён-раисҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон  нигоҳе ба собиқа ва корномаи раисҷумҳури нави Эрон

Масъуди Пизишкиён-вазири пештараи беҳдошт ва намояндаи кунунии Маҷлиси шӯрои исломӣ бо касби бештарин оро(овозҳо) дар чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурӣ ба унвони раисҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон интихоб шуд.

Дувумин марҳила аз чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон субҳи дирӯз (ҷумъа, панҷуми июл) ҳамзамон бо саросари кишвар, дар намояндагиҳои Ҷамҳурии исломӣ дар кишварҳои мухталиф баргузор шуд ва дар ниҳоят Масъуди Пизишкиён аз маҷмӯъи 30530157 раъйи ба сандуқҳо рехташуда, 16384403 раъй ба даст овард ва ба унвони нӯҳумин раисҷумҳури мардуми Эрон интихоб шуд. Рақиби Пизишкиён дар ин марҳила Саиди Ҷалилӣ-дабири собиқи Шӯрои олии амнияти миллии Эрон буд, ки бо касби 13538179 раъй дорои рутбаи дувум шуд. Дар ин интихобот, ки ба далели шаҳодати Сайид Иброҳим Раисӣ,раисҷумҳури пешин ва ҷамъе аз ҳамроҳонаш дар ҳодисаи суқути чархбол дар шимолу ғарби Эрон як сол зудтар аз замони муқаррар баргузор шуд, ҳудуди 61 миллиону 500 ҳазор нафар дорои шароити раъйдеҳӣ буданд.

 Пизишкиён нӯҳумин раисҷумҳури Эрон шуд

 Пизишкиёни 70 сола-дорои таҳсилоти фавқитахассуси ҷарроҳии қалб, аз соли 1380 то 1384 ҳиҷрии шамсӣ мақоми вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкиро бар ӯҳда дошт.Раисҷумҳури мунтахаб ҳамчунин собиқаи 5 давра намояндагии Маҷлиси шӯрои исломӣ ва ҳамчунин як давра собиқаи ноиб-раиси қувваи қонунгузорро дар корномаи кории худ дорад. Пизишкиён пас аз таъйиди салоҳияташ барои ширкат дар интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурӣ дар изҳорот ва мунозираҳои интихоботӣ, истифода аз неруҳои мутахассис, таомул бо гурӯҳҳои сиёсӣ, барқарории адолат дар ҷомеа, истифода аз ҳама зарфиятҳо барои рафъи таҳримҳои золимонаи Ғарб зидди Эрон ва таомул бо ҳама кишварҳои ҷаҳон, бавежа мусулмон ва ҳамсояҳоро аз авлавиятҳои давлати худ эълом карда буд. Бо вуҷуди ҳузури чеҳраҳои шинохта аз гуруҳҳои гуногун дар ин давра аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ, бархе душманони миллати Эрон барои камаҳамият ҷилва додани интихобот муддаӣ буданд, ки ин интихобот намоишӣ аст ва афроде монанди Пизишкиён бахте барои пирӯзӣ надоранд.Нигоҳе ба интихобот дар давраҳои қабл низ нишондиҳандаи ҳузур ва интихоби номзадҳои бо салиқаҳо ва дидгоҳҳои сиёсии мутафовит аст, ки нишонаи шаффофият ва саломати интихобот дар Эрон аст. Бо ин ҳол интихоби озод ва ҳушмандонаи мардуми Эрон дар даври дувуми интихобот бори дигар собит кард, ки онҳо барои таъйини сарнавишт ва пешрафти кишварашон дар лаҳазоти ҳассос, беҳтарин тасмимгиранда ҳастанд.

 Дар ҳамин росто мардуми Эрон дар даври дувуми чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дирӯз ҷумъа бо ҳузури густурдатар дар қиёс бо даври аввал, пой сандуқҳои раъй барои интихоби нӯҳумин раиси ҷумҳур ҳозир шуданд ва номзади аслаҳи худро барои идораи ҳарчи беҳтари умури кишвар барои чаҳор соли оянда интихоб карданд. Воқеият ин аст, ки дирӯз ҷумъа низ як рӯйдоди бузурги ҳамосӣ дар таърихи рӯзҳои мондагори Инқилоби исломӣ рақам зада шуд. Паёми дигари ин ҳузури пуршӯр такрори ҳамон асли мушорикат дар интихобот аст, ки пас аз пирӯзии Инқилоби исломӣ ҳамвора мӯҷиби тақвияти пояҳои низоми мардумсолор шудааст; ҳамчунон ки Мақоми муаззами раҳбарӣ дар остонаи ин интихобот бо баёни аҳамияти мушорикати мардум дар марҳилаи дувуми интихоботи раёсатҷумҳурӣ таъкид крданд,ки ҳар қадар ин мушорикат бештар бошад, низом барои таъмини ҳадафҳояш дар дохил ва пайгирии аҳдоф дар маҷмӯаи имтидоди роҳбурдии кишвар аз тавонои бештаре бархурдор хоҳад шуд.

 Ин дар ҳоле аст, ки интихоботи раёсатҷумҳурӣ нисбат ба интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои исломӣ дар Эрон аз аҳамияти бештаре бархурдор аст, чаро, ки дастгоҳи иҷроии кишвар мудирият ва масъулияти калон ба вежа дар арсаи иқтисодӣ ва сиёсати хориҷиро бар уҳда дорад.

 

Барчасп