Имзои ҳамкорӣ байни Эрон ва Чин дар ҳавзаи кишоварзӣ
Мақомоти Эрон ва Чин ёддошти тафоҳуми ҳамкории кишоварзӣ имзо карданд.
Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи хабаргузории Садо ва Симо, бар асоси эъломи Вазорати ҷиҳоди кишоварзӣ, панҷумин нишасти кумитаи муштараки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Чин дар Пекин баргузор ва бар тавсеаи ҳамкориҳои муштараки кишоварзӣ байн ду кишвар таъкид шуд.
Дар ин нишаст, ёддошти тафоҳуми ҳамкории мутақобили бахши кишоварзӣ байни Эрон ва Чин ба имзо расид.
Равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Чин дар солҳои ахир дар заминаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ рушд дошта ва имзои санади 25 солаи ҳамкори ҷомеъи дуҷониба дар марти соли 2021 ин рушдро суръат бахшидааст.
Ин санад зарфиятҳо ва чашмандози ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Чин дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла иқтисодӣ ва фарҳангиро мавриди таъкид қарор додааст.