Таҳсини вазири амнияти умумии Ветнам аз пешрафтҳои Эрон
Порс тудей-Вазири амнияти умумии Ветнам пешрафтҳои Эрон дар ҳавзаҳои дифоъӣ, низомӣ, илмӣ ва саноъатиро сутуд ва муқовимат ва пойдории Эрон дар баробари таҳримҳоро таҳсин кард.
Дар ростои тақвияти равобити дуҷониба, фармондеҳи кулли интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва генерал Тулом, вазири амнияти умумии Ветнам тафоҳумномае барои ҳамкориҳои ҷомеъи интизомӣ имзо карданд.
Ин тафоҳумнома тавассути сардор Аҳмадризо Родон-фармондеҳи кулли интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва генерал Тулом, вазири амнияти умумии Ветнам ба имзо расид.
Генерал Тулом дар ин маросим бар тавсеаи бештари равобити дуҷониба ва чандҷониба, ба вежа дар заминаи ҳамкориҳои полисӣ таъкид кард ва аз равобити дӯстона ва мӯҳтарамонаи ду кишвар ба унвони омиле барои густариши ҳамкориҳо ёд кард.
Ӯ ҳамчунин пешрафтҳои Эрон дар ҳавзаҳои дифоъӣ, низомӣ, илмӣ ва саноъатиро сутуд ва муқовимат ва пойдории Эрон дар баробари таҳримҳоро таҳсин кард.
Тафоҳумномаи мазкур шомили бандҳои муҳимме барои таъмиқ ва тақвияти ҳамкориҳои интизомӣ аст, ки аз ҷумла онҳо метавон ба табодули иттилоот ва таҷрибиёт дар заминаи мубориза бо ҷароим(ҷиноятҳо)и созмонёфта, терроризм, ҷароими сайберӣ, тавлид ва қочоқи маводи мухаддир, қочоқи инсон, пулшуӣ, қочоқи силоҳ ва муҳиммот, сохтакории санадҳо ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ишора кард.