Баргузории ҳаҷдаҳумин ҷашнвораи байналмилалии шеъри разавӣ ба забони туркӣ-озарӣ дар Эрон
(last modified Wed, 15 May 2024 16:19:59 GMT )
Май 15, 2024 21:19 Asia/Dushanbe
  •  Баргузории ҳаҷдаҳумин ҷашнвораи байналмилалии шеъри разавӣ ба забони туркӣ-озарӣ дар Эрон

Ҳаҷдаҳумин ҷашнвораи байналмилалии шеъри разавӣ ба забони туркӣ-озарӣ бо ҳузури шоироне аз Эрон ва бархе дигар аз кишварҳои ҳамсоя ва ҳатто аврупоӣ дар шаҳри Салмос дар шимоли ғарби Эрон оғоз ба кор кардааст.

 Ба гузориши ИРНА,Алиризо Наврӯзӣ- мудири кулли фарҳанг ва иршоди исломии устони Озарбойҷони ғарбӣ рӯзи чаҳоршанбе дар оини ифтитоҳияи ин ҷашнвора гуфт: 536 асар ба дабирхонаи ин ҷашнвора ирсол шуда, ки аз ин теъдод 416 маврид аз Эрон ва 120 асар аз кишварҳои дигар аз ҷумла Туркия, Олмон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Ироқ, Нидерланд, Русия, Туркманистон, Гурҷистон ва Ироқ будааст.

  Наврӯзӣ афзуд: 60 шоир аз кишварҳои мухталиф дар ин давра аз ҷашнвора ширкат карданд.

 Мудири кулли фарҳанг ва иршоди исломии устони Озарбойҷони ғарбӣ идома дод: 416 асар аз 210 нафар аз устонҳои мухталифи Эрон осори худро ба дабирхонаи ҳаҷдаҳумин давраи ҷашнвораи шеъри разавӣ ба забон туркӣ-озарӣ ирсол кардаанд, ки аз ин теъдод низ 58 нафар зан ва 152 нафар мард аст.

  Наврӯзӣ изҳор кард: Баргузори коргоҳҳои омӯзиши шеърхонӣ ва маҳофили шеър то миёнаҳои июн дар чандин шаҳри Эрон ва Туркия ва низ баргузории маросими шеърхонӣ дар кишвари Ироқ дар арбаъини ҳусайни аз ҷумлаи барномаҳои ҷанбии ин ҷашнвора хоҳад буд.

 Ҳаҷдаҳумин ҷашнвораи байналмилалии шеъри разавӣ ба забони туркӣ-озарӣ аз ҷумлаи барномаҳои ҷашнвораи байналмилалии Имом Ризо (а) ба ҳиммати идораи кулли фарҳанг ва иршоди исломии устон, «гурӯҳи Қуръон ва итрат», Бунёди байналмилалии фарҳангӣ ва ҳунарии Имом Ризо (а), фармондори шаҳристони Салмос, идораи фарҳанг ва иршоди исломии шаҳристон ва дигар идороти ин шаҳристон баргузор мешавад.